Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
рафт. «Моҳиршоҳ» омада мулоқӣ гардид. Курдоншоҳ гуфт:
— Эй фарзанд, ба зиёрати пири худ меравам, шуморо ҳам рағбати рафтан бошад, бо мо ҳамроҳ равед.
Ӯ қутби замонаву нодири даврон аст. Дидани он зиҳӣ саодати кас аст.
«Моҳиршоҳ» дар дили худ мегуфт: «Инчунин мӯҷиби исъён аст ва гумроҳии кас. Ба мулозимати ин чунин саги маълун рафтан раво набошад. Чӣ кунам, ки шоҳ далолат месозад». — Ин гуфта бо ҳамроҳии шоҳ равона гардид.
Ҳангоме ки ба хизмати дарвеш, алайҳиллаъна расиданд, диданд, ки он маълуми малъун худро чун иблис ороста, аммомаи бузургу мисвоки бузург бар сар ниҳода ва тасбеҳе аз ҷавоҳир ба даст гирифта ва ридои аҷибе бар дӯши худ андохта, ба ҳазор макру ҳила нишастааст.
Курдоншоҳ наздик расида салом кард ва ба сад ихлосу эътиқод рӯбарӯи ӯ бинишаст ва шайхи бадандеш ба ҷониби ӯ бештар шуд. Шоҳ аз ин ҳол воқиф шуда мегуфт, ки муршиди раҳнамо ба ҷониби фарзандхондам назар карда истодаанд. Бояд якчанд калима аз авсофи фарзандхондам ба хизмати муршидам арза намоям», — ин гуфта «Моҳиршоҳ»-ро таърифу тавсифи бисёре кард.
«Моҳиршоҳ» сар дар ҷайби тафаккур фурӯ бурда, дар дили худ дарвеши бадандешро ҳақоратҳо ва дашномҳо мекард ва мегуфт: «Эй иблиси замона, дар ин мақом ягон каромат лозим аст, ки аз аҳволи ин нишастагон воқиф шавӣ ва моро бишиносӣ ва илло ман ҳамон духтари Хоҷа Барзаҳам, ки ба сабаби ту шоҳ маро сангсорон фармуда буд. Худо хайри вазирро диҳад, ки мӯҷиби халосӣ шуд».
Курдоншоҳ хост, ки аз пири худ рухсат талабида ба ҷониби боргоҳи худ равад. Дарҳол «Моҳиршоҳ» аз ҷои худ бархост ва дастҳо дар сафҳаи синаи худ гузошта гуфт, ки:
— Ҳазрати пири муршиди олам, ба ҷониби кул-
1 Мулоқӣ — ҳамроҳ.
2 Зиҳӣ саодат — чӣ саодат, аҷаб саодате!
3 Исъён — гуноҳ.
4 Алайҳиллаъна — лаънат бод ба ӯ.
5 Мисвок — реша, бехи гиёҳест, ки зоҳидон бо он дандон тоза мекунанд.
6 Ридо — чодаре, ки зоҳидон бар китф мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё