Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй фарзанд, он саҳро дур аст, ба наздики ин шаҳр шаҳре бино кунед ва номи шаҳри шуморо Ҳусн-обод ном ниҳодем.
Малика гуфт:
— Эй шоҳ, он мавзеъ маро бисёр хуш омадааст. Қариби ин шаҳр шаҳре бино кардан муҷиби тарки одобу ҳурмат аст. Умед аз карами шоҳ дорам, ки меъморону коргаронро фармоянд, то он ки рафта дар бино кардани шаҳри дуогӯй муқайид шаванд.
Ҳамон замон Курдоншоҳ фармуд, ки:
— Эй ҳоҷибон ва эй мулозимон, меъморону гилкоронро фармоед, ки рафта дар бино кардани шаҳри Моҳиршоҳ муқайид шаванд, — ва гуфт, — эй фарзанд боз кай хоҳед омад?
Малика гуфт:
— Моҳе як маротиба ба хизмати шоҳи олиҷоҳ мерасам, чаро ки то тамом шудани шаҳр дар назди меъморону гилкорон ҳамаи авқот будан зарур аст.
Шоҳ гуфт:
— Бисёр хуб аст!
«Моҳиршоҳ» хушҳолу хуррам рухсат гирифта, бо ҳамроҳии меъморону коргарон ба ҷониби мулозимону дояғони худ роҳӣ гардида, ба андак вақт расид ва ҷамеи муздуруну коргаронро дар бино кардани шаҳр фармуд. Коргарон дар бино кардани шаҳр муқайид шуданд. Малика ҳар моҳе як марта либоси мардона пӯшида ба хизмати Курдоншоҳ меомад.
Алгараз, дар обод кардани шаҳр муддати ду сол гузашт. Баъд аз ду сол шаҳри азимро тамом ороста гардониданд. Аз атрофу ҷавониб салаҳову некон ва аз ҳар синф мардумон омада дар шаҳри «Моҳиршоҳ» сукунат ихтиёр варзиданд.
Шаҳри «Моҳиршоҳ» чунон ба шукӯҳу музайян ороста гардид, ки ҳамаи мардумон таҳсину офарин карданд.
Меъморону коргаронро инъому зар бисёр бахшида ҳамаро хушдилу розӣ гардонид.
Рӯзе Курдоншоҳ ба зиёрати Арзаки дарвеш ме-
__________________________________ 1 Салаҳо — ҷамъи солеҳ аст, ки маънояш хубу некаст.
2 Синф — навъ.
3 Музайян — зинотнок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё