Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ ҳусну ҷамоли ӯ дида ҳайрону мутааҷҷиб бимонд.
Малика ҳама ҷавоҳирҳову пешкашҳову товуси мурассаъро аз назари шоҳ гузаронид. Шоҳ ва ҳамаи аркони давлат мутаҳайир шуданд ва бо ин пешкашу суррини малика таҳсину офаринҳо карданд.
Баъд аз соате шоҳ пурсид, ки:
— Эй ҷавон, аз куҷо омада ва ба куҷо меравӣ ва чӣ ном дорию аз кадом диёр мебошӣ?
Малика гуфт:
— Эй шоҳ, асли моён аз ҳамин диёр будаем ва падарам бо тобеони хеш барои савдогарӣ ба ҷонибу вилоятҳо рафта будааст ва таваллуди фақир дар мулки Ирам шудааст ва номи фақирро Хоҷа Ҳасан мегӯянд.
Аз мулки Ирам баромада, бар киштӣ нишаста будем.
Киштии падару модари маро наҳанги қазо шикаст дода, ба дарёи Қулзум ғарқ гардонид.

Падару модарам аз дори дунё ба дори охират интиқол намуданд. Камина аз офати дарё наҷот ёфта, ба хизмати шоҳи олампаноҳ омадаам. Акнун бақияи умри худро дар таҳти қаламрави шоҳи олиҷоҳ сарф созам.
Дӯст доштани ватани гузаштагон дар дил ҷой гирифтааст. Аз падару модар моли бисёре монда ва ҳисоби онро наметавонам донист ва дар навоҳии фалон саҳро фуруд омадаам. Агар шоҳи олампаноҳ иҷозат бидиҳанд, дар ин ҷо барои мусофирону ғарибон шаҳре бино созам ва он мавзеъро обод гардонам. Ба илтифоти шоҳи олимақом муддате умри худро дар ин ҷо гузаронам.
Курдоншоҳ аз ин суханҳои малика хушдил шуда, хилъати шоҳона ба малика бахшид. Шоҳ фармуд, ки:
— Эй ҷавон, ту аз хонадони маврусии¹ мо будаӣ.
Агарчи падару модари ту нест, ғам махур, ки дар бораи ту падарии хоҳем кард.
Малика аз ҷои худ бархост ва дар пойгоҳи боргоҳ рафта одоби шоҳона ба ҷой овард. Боз малика ба арзи шоҳ расонид, ки:
— Эй шоҳ, ин каминаро ба фарзандӣ сарфароз гардонидед. Умедворию дигар ин ки фақирро ба хитоби номӣ низ сарфароз гардонед.
Ҳамон замон Курдоншоҳ маликаро Моҳиршоҳ ном ниҳод ва гуфт:

¹ Маврусӣ — меросӣ.

пешина
аз 269
навбатӣ