Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
бинои шаҳр ҳукми волии ин мулк даркор аст. Агар Курдоншоҳ иҷозат бидиҳад, ба андак рӯз шаҳре бино хоҳем кард.
Малика гуфт:
— Бисёр хуб аст.
Ва дарҳол либоси мардона ва хилъати шоҳона пӯшида, камари заррин дар камари худ барбаст ва зинҳои тумтарок бар болои аспҳо андохт. Ҳамаи онҳо мурассаъ1 аз ҷавоҳиру тиллои аҳмар2 буд ва чанд ғуломбачаҳои зарринкамар дар чилави худ андохта ва чанд хону хончаро пур аз ҷавоҳир карда ва як товуси мурассаъ пешкашу тӯҳфа гирифта, ба хизмати шоҳ роҳӣ гардид. Қатъи манзилу тайи мароҳил карда ба дарвозаи шаҳр расида, дохили шаҳр шуд.
Мардумони шаҳр ҳусну ҷамолу таркиби маликаро дида, ҳайрон бимонданд ва мегуфтанд: «Бинозам он худоеро, ки инчунин разъописаре халқ кардааст».
Охируламр, малика бо мулозимони худ ба дарборгоҳи Курдоншоҳ расида ҳоҷибонро мулозимат намуд. Ҳоҷибон ҳусну ҷамоли маликаро дида мутаҳайир шуданд ва мегуфтанд: «Офарин бод бар падару модари ин чавон, ки инчунин зебописареро ба вуҷуд овардаанд».
Ҳоҷибон пурсиданд, ки:
— Эй ҷавон, аз куҷо меоӣ ва ба куҷо меравӣ?
Малика гуфт:
— Ман мардеам савдогар, барои мулозимати шоҳ омадам.
Дарҳол солорон3 ба хизмати шоҳ рафта гуфтанд, ки:
— Марде савдогари хушҳусну ҷамол ба мулозимати шумо омадааст. Фармони шумо чӣ мешавад?
Шоҳ гуфт:
— Дар назди ман биёред!
Ҳоҷибон омада гуфтанд ки:
— Эй ҷавон, шуморо дар назди шоҳ мебарем.
Малика даст бар ҷайби худ карда, мушт-мушт зару ҷавоҳир ба ҳоҷибон дод.
Ҳоҷибон маликаро дар назди Курдоншоҳ расониданд.
Малика сари таслимот4 ва одоби шоҳона ба ҷо оварда рӯ ба рӯи шоҳ истода шуд.
1 Мурассаъ — нигинакуб
2 Аҳмар — сурх
3 Солор — калон, сардор.
4Яъне: сарашро хам карда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё