Зеҳн
Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

шукри эзидиро ба ҷо оварданд ва дар он ҷо асбоби табх муҳайё карда неъматҳои гуногун пухта тановул намуданд. Баъд аз фароғи обу таом ба муздурони бороварда дучандон учра доданд. Ҳамаи муздурон аз ин кирдори малика хушдил шуданд. Боз малика ба муздурон гуфт, ки:
— Ман кори бисёр дорам ва шумоён ба кори ман муқайид шавед, дучандони дигари он учра медиҳам.
Муздурон гуфтанд:
— Умру давлаташон зиёд бод! Агар иҷозат шавад, моён зану фарзандони худҳоро гирифта дар ин ҷо биёрем.
Малика гуфт:
— Бисёр хуб аст,— дояи худро фармуд,— эй модар шумо ба ҷониби шаҳр рафта меъморону коргаронро биёред, ки дар ин ҷо шаҳру қалъа бино месозам.
Доя ба фармудаи малика бозрафт ва дар пеши сардори меъморон истода гуфт, ки:
— Эй ҷавонону эй бародарон, худованде дорам, марде савдогару соҳибҳиммат, дар беруни ин шаҳр фуруд омадааст. Мехоҳад, ки бинобар хушии обу ҳавои ин ҷо барои мусофирому ғарибон корвонсарое бино кунад. Бояд, ки шумоён дар назди ӯ равед, зарри бисёр ба шумоён дода аз ваҷҳи дунё шумоёнро мустағни хоҳад гардонид.
Калони меъморон, яке аз бародарони худ ки Маъмур ном дошт, ҳамроҳи доя ба хизмати малика фиристод.
Доя Маъмурро ҳамроҳи худ гирифта ба хизмати малика даррасид.
Малика либоси мулукона ва хилъати шоҳона ба Маъмур бахшид. Маъмур бо муздурону гилкорон чанд муддат кор карда сарое олӣ тайёр намуд.
Малика даруну беруну болою поёни саройро тамошо карда ба Маъмуру муздурон зар ва сарупо дода гуфт:
— Эй Маъмур ва эй муздурон, мехоҳам, ки дар ин ҷо шаҳре бино карда ин мабодиро обод гардонам.
Маъмуру коргарон гуфтанд, ки:
— Эй маликаи олам, бе иҷозати Курдоншоҳ дар ин ҷо шаҳру қалъа бино наметавонем кардан. Аз барои

1 Асбоби табх — масолеҳи ош.
2 Учра — музд.
3 Худованд — хоҷа, соҳиб.
4 Яъне: аз пулу моли дунё шуморо бениёз мегардонад.

пешина
аз 269
навбатӣ