Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
Ягон маҳраме дар назди шумо бошад, хотири ман мушававаш хоҳад буд.
Дар ин гуфтугӯ буданд, ки дояи калони малика ба сурати гадоён шуда даррасид. Доя маликаи худро шинохта, дар зери қадами ӯ афтод ва чашмҳои худро ба пои малика мемолиду мегуфт, ки:
— Дар хоб дидаам, ё дар бедорӣ?
Малика гуфт:
— Эй модар, ин бедорӣ аст, на хоб ва худои таоло қодир аст ба як дам гадоро шоҳ кунад ва фақирро ғанӣ¹.
Дояи калон аз ҷои худ бархост, якдигарро дар канор гирифтанд.
Малика гуфт:
— Эй модар, ғам маҳӯред, худои таоло дар бораи мову шумо чунин фазлу карам кардааст. Аз бобати молу ҷавоҳир он миқдор муяссар шудааст, ки ҳисоби онро наметавонам донист. Зуд аз ҷои худ бархезед, порае аз ин зарҳо гирифта дар шаҳр равед. Аз он чӣ ғуломуну канизону мулозимон дар назари шумо дароянд², гирифта биёред. Муздурони коргар, ғалла ва хӯрокӣ ҳам биёред.
Дарҳол доя таъзими маликаро ба ҷой оварда, ба тарафи шаҳр роҳӣ гардид.
Малика гуфт:
— Эй доя, хабардор шавед, аз ин сир касе воқиф нашавад ва ба зудии зуд ба ин ҷониб муроҷиат намоед³.
Доя гуфт:
— Эй ҷони модар, ин сирри шуморо ба ғайр нахоҳам ифшо кардан⁴. Хотири худро аз ин ваҷҳ ба куллӣ ҷамъ доред.
Ин гуфта роҳи шаҳрро пеш гирифт ва манзилу марохил⁵ тай карда, ба дари дарвозаи шаҳр расиду аз дарвоза дохил шуд. Ҳамаи гуфтаҳои маликаро хариду мулозимону қадрдонони маликаро дарёфт кард ва чанде аз гилкорону муздуронро гирифта бо мулозимон ба ҷониби малика роҳӣ гардид, тайи манзилу мароҳил карда ба хизмати малика расиданд.
Ҳама мулозимону қадрдонон маликаи худро дида,
¹ Ғанӣ — бой.
² Яъне: маъқул шаванд.
³ Муроҷиат намудан — баргаштан.
⁴ Ифшо кардан — гуфтан, фош кардан.
⁵ Мароҳил — марҳалаҳо, маконҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё