Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
хез, зери ин дарахтро биков ва ҳамаи хазоинро дар тасарруфи худ кун».
— «Эй бузургвор, ман авратам, танҳо ин хазоинро чӣ гуна берун орам».
Он азиз гуфт:
«— Эй малика, бо як чӯбе андак биков, иншооллоҳ ба андак тараддуд ин хазоин намудор хоҳад гардид ва ин зару симро¹ аз ту дигар касе гирифта наметавонад ва дар ин мабодӣ² шаҳре бино кун ва душмани ту ҳама бар боди фано хоҳанд рафт...»
Малика ларзида аз хоби ширин бедор шуд ва хоби худро ба доя гуфт.
Доя гуфт:
— Эй ҷони модар, муборак бод, айёми меҳнат гузашта, ба роҳат восил хоҳем гардид³.
Алкисса, ҳарду чӯбе гирифта, зери он дарахтро ковиданд. Бо андак таваҷҷӯҳ сари чоҳи хазоин намоён шуд. Диданд, ки ҳафт хона пур аз зари сурху ҷавоҳир, ба шарҳ рост намеояд. Аз як дона ёқути сурх устодон товусе сохта дар хазоин гузошта буданд ва чанд ҷавоҳир баробари байзаи⁴ мурғобӣ дар даруни хазоинҳо буд. Малика ин ҳама ҷавоҳиротро дида хушҳолу шодмон шуд ва шукр кард.
Доя гуфт:
— Ҳамаи кори банда мукофот дорад. Чанд баробари амволи бурдагии дарвеши бадандеш Худои таоло арзонӣ намуд⁵.
Малика гуфт:
— Эй модар, шумо ба тарафи шаҳр равед, мулозимону дӯстону рафиқон дар ҳар ҷое, ки бошанд, ёфта биёред. Ва аз ҷинси макулоту машруботу малбусот⁶ бо чанд муздуре биёред. Меъморону гилкоронро ҳам биёред, то ин ки дар ин ҷо шаҳре олӣ бино созем.
Доя гуфт:
— Чӣ гуна шуморо дар ин ҷо танҳо гузошта равам?
1 Зару сим — тиллову нуқра.
2 Дар ин мабодӣ — яъне дар ҳамин ҷое, ки дида истодаӣ.
3 Восил шудан — расидан.
4 Байза — тухм.
5 Арзонӣ намудан — бахшидан, ато кардан.
6 Хӯрданию нӯшиданӣ ва пӯшиданӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё