Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
— Эй шоҳ, ин духтари Хоҷа Барзах аст, ки солҳои сол умри худро ба хизмати шумо сарф карда буд. Дар бораи ӯ марҳамату меҳрубонӣ бисёр менамудед ва ин духтарро ба шумо супурда буд ва шумо ӯро фарзанд хонда бубед. Хоҷа аз ин тарахҳуми шумо хотирҷамъ шуда, аз дунё ба охират интиқол намуда¹ буд. Акнун ин мазлумаро сангсор фармудед ва ҳамон аҳду паймо-ну васияти бозаргонро фаромӯш кардед. Бояд ки ба риояи арвоҳи бозаргон ва хурсандии ин камина афв намоед. Ин духтарро дар кайду банд нигоҳ доред.
Курдоншоҳ гуфт:
— Эй вазир, ба хотири ту ва ба хотири арвоҳи бо-заргон ҷони ӯро бахшидам. Аммо ин гесӯбуридаро аз ин шаҳр бадар кунед ва қасри ӯро бо амволу амлокаш тороҷ созед!
Мулозимон бо фармоиши шоҳ хонаҳои маликаро то-роҷ карданд ва ӯро бо хизматгоронаш аз шаҳр бадар карданд. Ҳамаи мулозимон аз малика ҷудо шуда, ба атрофу ҷавониб рафтанд.
Малика рӯ ба саҳро оварда, зор-зор чун абри навба-ҳор мегирист ва ба дояи худ мегуфт:
— Аз ман чӣ гуноҳ содир шуд, ки худои таоло ба ин меҳнатҳову балоҳо гирифтор гардонид? — Ва ин ғазал мехонд:
Чӣ кардаам, ки фалак бефатила доғам кард,
Фалак душанбе шуда, якшанбе суроғам кард.
Барои ӯ дилу ҷон бохтам, намедонам,
Ба кӯҳу дашту биёбон ба мисли зоғам кард.
Насибу қисмати ман ин замон чунин буда,
Ки сайри имшаба тор аст, бечорағам кард.
Зи оби дидаи ман гашт тар биёбонҳо
Ҳазор лола бирӯйиду дарду доғам кард,—
гуфта малика зор-зор мегирист, доя тасаллӣ медод.
Алкисса, малика як шабу як рӯз ҳамроҳи доя роҳ рафт, рӯзи дуввум ба ҷое расида, дарахти азимеро ди-данд ва малика бо дояи худ зери он дарахт биншаст. Хоб бар эшон ғалаба кард. Дар ҳангоми хоб малика дид, ки шахсе маҳосинсафед² мегӯяд, ки:
— «Эй маликаи олам, чаро ғам мехӯрӣ, биё бархез, дар зери ин дарахт ҳафт хазоини³ подшоҳӣ аст. Ҳамаи ин хазоинҳоро бигиру сарфи рӯзгори худ бикун. Бар-
¹ Интиқол намудан — кӯчидан, рафтан.
² Маҳосинсафед — ришсафед.
³ Хазоин — хазинаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё