Саргузашти Ҳотами Тай

Ин китоб достони қадимиро перомуни зиндагӣ ва саргузашти Ҳотами Тай ба риштаи тасвир мекашад. Дар он аз саховатмандӣ ва корномаҳои ин қаҳрамон ҳикоят мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 269 саҳифа
ми худ дар қасри ин ходима даромада, порае хизматгоронро кушта ва ҳамаи асбобу молу палосҳоро гирифта бадар бурд ва ман дар он вақт бар болои чаҳордараи баланд бедор будам ва аз ҷамеи кору кирдори дарвеши бадкеш муталлеъ гардидам. Ва ҳамаи онҳоро шинохтам ва он пири габр¹ дар ҳаққи ин бечорагии бекас ва рафиқони ман чунин ҷабру ситам намуд. Шумо подшоҳи одилу соҳибтаҷмулед, бояд, ки доди мазлумонро аз ин золимони нобакор бистонед.
Курдоншоҳ аз шунидани ин калом дар ғазаб даромада гуфт:
— Эй ноқисулақли гесӯбурида², ту ба зоти он бузургвор забони таъну лаъин кушода тӯҳмат мекунӣ ва ӯро тамаъ аз ҷифаи дунё³ нест. Ҳоло ту ӯро дузд мегӯӣ ва ӯ моли мардумон ва ҷифаи дунёро бар худ ҳаром гардонидааст. Ва ӯ қутби замон аст.
Малика дар ҷавоби шоҳ гуфт:
— Эй султони одил, шумо ӯро ғалат шинохтед, ӯ иблиси замона аст ва ӯро аз ҷумлаи малъунон бояд гуфт.
Байт:
Шайхони замона доми тазвир⁴ ниҳанд,
Тасбеҳ ба даст, салла бар сар биниҳанд.
Чун дар назари халқ намоянд дарвеш,
Андар шаби тор по ба дузди биниҳанд.
Шоҳро аз ин каломи малика хашм зиёда шуда амр кард, ки:
— Эй ҳоҷибон ва эй ясавулон, ин гесӯбуридаро бо доягонаш дар миёни шаҳр бурда сангсор бикунед ва ҳамаи амволу амлоки ӯро тороҷ намоед, ки инчунин суханҳои беҳуда дар ҳаққи муршиди⁵ ман мегӯяд, то он ки дигаронро ибрат шавад. Минбаъд дар ҳаққи муршиди ман инчунин тӯҳмат касе накунад.
Ҳоҷибон мехостанд, ки маликаро бо мулозимонаш каш-кашону зан-занон бурда сангсор намоянд, вазир аз ҷои худ бархосту дар пойгоҳ истода гуфт:
¹ Габр — оташпараст; инҷо ба маънои бедини фосиқ.
² Гесӯбурида — беҳаё, бешарм.
³ Ҷифа — чизи нопок, киноя аз моли дунё.
⁴ Тазвир — макру фириб.
⁵ Муршид — пир, роҳнамои динӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё