Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

кушода шудани аврат ва набудани об барои намоз гузоштан осебу зиён хоҳанд овард. Бинобар ин аз тамоми чизҳо набояд дурӣ ҷӯст, зеро зоҳиде, ки дар кӯҳу ғор манзил баргӯзида бошад ва ба худ қавл дода бошад, ки ҳеҷ чизе нагирад, то Худованд рӯзии ӯро хоҳад расонд, вай ҳатман аз гуруснагӣ ба марг наздик хоҳад шуд. Вале ба шаҳр назди мардум рафтан ӯро аз марг наҷот хоҳад дод. Пас, хулоса мекунад Ғаззолӣ, такя бар сабабҳои қатъ кардашуда (бе ризқ монда) ва гумон карда шуда дуруст мебошанд.

Ғаззолӣ дар иртибот ба сабабҳои гумон ва тахминшуда онҳоро ба ду шакл тақсим месозад:

  1. Пинҳонӣ.
  2. Ошкоро.

Ба андешаи ӯ шахси таваккулкарда касе аст, ки бар сабабҳои қатъгардида ва тахминшудаи ниҳоӣ қонеъ гардида, ба сабабҳои ошкорои он кӯшиш накунад. Аммо такя бар сабабҳои тасаввуркардашуда ва марбут ба гумону хаёл, ки ба манфиат аст (мавҳуму-н-нафъ) зид ва ботилкунандаи таваккул мебошанд. Масалан, кӯшиш кардан бе ҳилаҳои гуногун ба мақсади ба даст овардани даромад.

Ғаззолӣ шахсони таваккулкардаро ба се гурӯҳ ҷудо месозад:

  1. Соликони хос, ки дар такя бар фазли Худо ва риёзат ба марг сар дар биёбон мениҳанд;
  2. Соликоне, ки дар масҷид ва ё хонаи худ нишаста тарки бо кӯшишу меҳнат ба даст овардани чизе ва тарки пешаву ҳунари худ мекунанд;
  3. Соликоне, ки аз хона берун рафта, ба масъалаҳои аз бар кардани шариат мепардозанд.

Ин гурӯҳ соликон ба он сабабе, ки дилу эътимодашон на бар пешаву ҳунар, балки бар Худо зиёд аст, соликони таваккулкарда маҳсуб мегарданд. Ба хусус

пешина
аз 567
навбатӣ