Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
агар онҳо даромади худро ба ҳамсару фарзандонашон ва ё бенавоён харҷу сарф намоянд, дар он сурат бар хо-нанишинон фазилат доранд. Лекин суфие, ки дар хона-қоқҳои вақфдор менишинад кори вай аз таваккул хеле дур аст, зеро ӯ хуб медонад, ки шикамаш ҳеҷ вақт холӣ намемонад.1
Ғаззолӣ дар давоми ин баҳси худ савол мегузорад, ки хонанишинӣ беҳтар аст ва ё аз дунболи ризку рӯзӣ рафтан? Дар посух ӯ меорад, ки агар солик бо тарки касб ба фикру зикр ва ибодат машғул гашта, дилаш ба ҳавову ҳаваси ризқ ва ё чашмаш ба дасти мардум кашо-ла набошад, чунин хонанишинӣ беҳтар аст ва дар ғайри он не. Чун чашм ба дасти дигарон нигарон бошад ин худ хатари марговар буда, дар ин хусус Иброҳими Ха-вос овардааст: «Дар яке аз сафарҳоям Хизрро дидам ва ӯ ба мусоҳибат бо ман розӣ шуд. Аммо ман аз тарси ин ки дилам бар ӯ такя кунад ва мӯҷиби нуқсони тавакку-ли ман шавад аз ӯ ҷудо шудам2.
Ғаззолӣ ба соликон меомӯзонад, ки ваъдаи Худо-вандро дар масъалаи ризкрасонӣ низ бояд устувор до-нист. Вай ҳикоятеро меорад, ки мувофиқи он обиде дар масҷиде ҷой мегирад, вале ӯ манбаи ризкрасонии маъ-лум надошт. Имоми масҷид чанд боре ба ӯ мегӯяд: «Агар ба меҳнате машғул шавӣ хуб хоҳад буд». Обид се маротиба ба саволи имом ҷавоб нагуфта, дафъаи чаҳо-рум, зикр мекунад, ки дар канори масҷид марди яҳудие аст, ки тазмин гирифтааст рӯзе ду нон ба ман диҳад.
Имом мегӯяд: «Дар ҳолате, ки чунин бошад, гӯша-нишинӣ барои ибодат дар ин масҷид барои ту беҳтар аст». Обид дар ҷавоб мегӯяд: «Ту ҳам бо ин камбудии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё