Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ҷамъбандӣ, кадомаш фаъолтар ва кадомаш сусттар аст ва дар ин қоидаҳои ҷамъбандӣ исм нисбат ба ин шаклҳо истисноҳо ё ҳодисаҳои ибайни мавҷуданд ё не ва бо қоидаҳои умумии забони тоҷикӣ оид ба ин масъала дар кадом муносибат воқеъ шудаанд.
Мувофиқи қоида ва қонуни забони тоҷикӣ исмҳо дар "Туҳафи аҳли Бухоро" бо роҳи морфологӣ ҷамъ баста шудаанд. Дар ҷамъбандии исмҳо суффиксҳои -он (-гон, -ен, -вон) ва -ҳо истифода шудааст. Суффикси ҷамъбандии -он аз қадим дар сохтани ҷамъи предметҳои ҷондор истеъмол карда мешуд. Мероси адабиёти классикӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки суффикси ҷамъбандии -он аксаран барои ифодаи предметҳои ҷондор ва суффикси -ҳо барои предметҳои беҷон истифода мешаванд. Ин қоида асрҳои дуру дароз чун норма дар забони тоҷикӣ давом карда омадааст. Баробари ин ба воситаи суффикси -ҳо ҷамъ баста шудани исмҳои ҷондор дар баъзе асарҳои адабиёти классикӣ дучор мешавад, лекин миқдори ин гуна исмҳо хеле каманд ва онро нормаи умумӣ ҳисоб кардан мумкин нест. Корҳои тадқиқотии оид ба ҷамъбандиро мутолиа намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки умуман аз асри IX-X то охири асри XX ба воситаи суффикси -он ҷамъ баста шудани предметҳои ҷондор, дар асарҳои назмӣ ва насрии адабиёти классикӣ ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Тақрибан аз асрҳои XIX ва ибтидои асри XX сар карда дар ҷамъбандии предметҳои ҷондор роли суффикси -ҳо як қадар васеъ гардидааст. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро то ин муддат, суффикси ҷамъбандии -ҳо дар ҷамъ бастани исмҳои ҷондор роли муҳим набозида, танҳо дар ин давра мавқеи истеъмолии он як қадар васеъ гардидааст?
Маълум аст, ки то нимаи дуюми асри XIX забони адабии тоҷик аз забони зинда хеле дур буд. Беҳтарини асарҳое, ки то ин давр дар ганчинаи адабиёти классикӣ ба табъ расидаанд, бо сабки хеле мушкили барои омма нофаҳмо навишта шудаанд. Аз охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ сар карда забони адабӣ ба забони гуфтугӯӣ то дараҷае наздик шуд, акнун баъзе асарҳое таълиф шуданд, ки барои оммаи тоҷик нисбатан фаҳмо буданд. Дар ин асарҳо аз истеъмоли калимаҳои душвор ва ибораҳои бемазмун як қадар худдорӣ кардан ҳис карда мешавад. Забони баъзе асарҳои адабии асри XIX ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати шакл ба забони гуфтугӯии омма наздик шудан мегирад"4.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё