Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Аз гуфtai боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст:
а) Вақте ки забони адабӣ ба забони гуфтугӯии халқӣ то ҳадди имкон наздик мешавад, нависандагон ҳам аз забони зинда калима ва ибораҳои фаҳморо ба асарҳои худ дохил кардан мегиранд. Дар ин ҳаракати мутақобила агар, аз як тараф, унсурҳои забони гуфтугӯӣ ба забони асарҳо дохил шуда онҳоро ба оммафаҳмӣ наздик кунад, аз тарафи дигар, ба воситаи забони адабӣ ингуна унсурҳо хусусияти умумихалқӣ пайдо мекунанд.
б) Дар қоидаҳои ҷамъбандии исм рӯй додани тағйироти минбаъда низ маҳз дар ҳамин гуна процесс ба амал омадааст. Суффикси ҷамъбандии -ҳо дар забони гуфтугӯии халқӣ дар ҷамъ бастани калимаҳои ифодакунандаи предметҳои беҷон ва ҳам ҷондор фаровон истифода карда мешуд. Нависандагон ин хусусияти суффиксиро дар ҷамъ бастани калимаҳои ифодакунандаи предметҳои ҷондор ба назар гирифта, ба асарҳои худ дохил кардаанд, аз ин сабаб миқдори калимаҳои ифодакунандаи предметҳои ҷондори бо суффикси -ҳо ҷамъ басташуда зиёд шуданд, ки онро дар асарҳои Дониш, Асирӣ, Савдо, Айнӣ, Муҳаммадсодиқи Гулшанӣ ва Мирзосироҷ дидан мумкин аст.
в) Суффикси ҷамъбандии -ҳо дар ҷамъ бастани калимаҳои ифодакунандаи предметҳои ҷондор, хусусан пас аз революсияи Октябрь серистеъмол гардид, чунки ба забони зинда наздик шудани забони адабӣ асосан пас аз революсия сар шудааст.
Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" суффиксиҳои ҷамъбандии -он (-гон, -ён, -вон) ва -ҳо мувофиқи хусусияти грамматикии калимаҳо кор фармуда шудаанд. Суффикси -он асосан шумораи ҷамъи исмҳои ҷондорро сохтааст. Мисолҳо: Соҳибмансабон ҳам бо Фӯрмаи расмӣ, шамшер ҳамоил намуда меистанд (с.50). Бисёр аз дӯкондорони шаҳр, ки моли русӣ мефурӯшанд, яҳудиёнанд (с.5)... Шогирдони мактаби ҳарбӣ, ки тамоми онон фарзандони ашхоси мӯҳтарам мебошанд, бо асбу асбоби қимматбаҳо савора омада дар миёни майдон истодаанд (с.50). Сайёҳон, бародарон (с.22), тарозудорон (с.20). Вариантҳои суффикси -он (-гон, -ён, -вон) низ дар асар серистеъмол буда, суффикси -гон ва -ён назар ба суффикси -вон бештар истифода шудааст. Ин, албатта, ба сохти фонетикии калима, ки бо садонок тамом мешавад, ё бо ҳамсадо, вобаста мебошад. Дар асар исмҳое дучор мешаванд, ки бо ёрии суффикси -й сохта шуда, шахс ва машғулиятро далолат мекунанд ва бо суффикси -ён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё