Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар як калима, ибора ва ҷумла дар асари бадей бо ягон мақсади муайян кор фармуда мешавад. Натиҷанда ҳангоми нагистани асар аз шаклҳои гуногуни воситаҳои бадеию морфологӣ истифода мекунад. Шаклу воситаҳои морфологиро нависандагон ба услуби фардии худ мувофиқат мекунонанд. Аз ин рӯ шаклу воситаҳои морфологӣ дар асарҳои бадей бо тарзҳои гуногун истифода мешаванд. Вале нависандагон дар истеъмоли шаклҳои морфологӣ ба нормаи забони умумӣ такья мекунанд. Илова бар ин, адиб метавонад дар асараш ба шаклҳои маъмули умумии грамматикӣ такья намуда шаклҳои нави морфологиро ҷорӣ намояд ва аз баъзе шаклҳои морфологӣ бештар ва аз баъзеи дигар камтар истифода кунад ва аз баъзе мумкин аст истифода набарад. Аз ин сабаб асарҳои бадей дар ин масъала бо хусусиятҳои хоси худ аз якдигар фарқ карда меистанд.

Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" шаклҳои гуногуни морфологии ҷолиби диққат ҳастанд, ки баъзеи онҳоро аз назар мегузаронем.

ИСМ

Оид ба ҷамъбандии исм

Корҳои зиёди тадқиқотӣ оид ба исм моро водор менамояд, ки хулосаҳо ва фикрҳои тадқиқкунандагонро такрор накарда, ба ин категорияи грамматикӣ дахл намоем. Оид ба ҷамъбандӣ дар адабиёти забоншиносии тоҷик фикру мулоҳизаҳои бисёр мавҷуданд ва як асари калони илмии тадқиқотӣ нависта шудааст, ки муаллифи он ба таърихи ин масъала дақиқона дахл намуда, проблемаҳои зиёдеро дар муқоисаҳои илмӣ исбот намудааст.

Хусусиятҳои характерноки исм, умуман, дар ҳаҷми корҳои тадқиқотӣ, аз тарафи мутахассисони забони тоҷикӣ ва форсӣ нишон дода шудааст. Аксарияти мутахассисони доир ба ҷамъбандии исм таваққуф карда тасдиқ мекунанд, ки исмҳо дар забони тоҷикӣ ва форсӣ бо суффикси -ҳо ва -он ҷамъ баста мешаванд. Мувофиқи қоидаи маъмули эътирофшуда аён аст, ки суффикси ҷамъбандии -он хоси исмҳои ҷондор мебошад. Ин ақида асоси илмӣ дорад.

Вазифаи дар назди худ гузоштаи мо ҳартарафа тадқиқ намудани ҷамъбандӣ дар забони адабии тоҷик набуда, балки нишон додани баъзе хусусиятҳои ҷамъбандӣ дар "Туҳафи аҳли Бухоро" мебошад.

Ғайр аз ин, бояд муайян кард, ки дар забони асар аз шаклҳои

пешина
аз 159
навбатӣ