Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

баҳор низ бо суффикси -от ҷамъ баста шудаанд: ғоғоти хуб, бӯсуноти марғуб, чаманҳои матлуби сабзу хуррам хеле аст (с. 258).
Дар баҳорот борандагии зиёде мешавад (с. 216). Ин шакли ҷамъбанди дар забони адабии имрӯза дида намешавад.

Суффикси ҷамъбандии арабии -ин (ин). Ин суффикс бо калимаҳои арабӣ шакли ҷамъи арабии ҷинси мардона сохтааст. Калимаҳои бо ин суффикс ҷамъбасташуда аслан ба шахс тааллуқдор буда, сифат ва ё касби одамонро ифода менамоянд. Мисолҳо: муаллимини онҳо ҳам шуҳраи офоқ буданд (с. 102). Қиштиҳои тиҷоратӣ ҳама вақт дар омадурафт, машғули ҳамлу нақли молутиҷора ва мусофирин мебошад (с. 28).

Калимаи муаллим ва мусофир ҳам бо суффикси -ин ҳам бо суффикси -ҳо ва ҳам бо суффикси -он ҷамъ баста шудааст: муаллимин (с. 251) муаллийҳо (с. 253), муаллимон (с. 20, 39), мусофирин (с.
233), мусофирон (с. 52, 81); Калимаҳои муҳандис, нотиқ бо суффикси -ин ҷамъ баста шудаанд. (саҳифаҳои 216, 233, 241, 280).

б) Ҷамъбандии шикаста. Дар “Туҳафи аҳли Бухоро” бисёр шаклҳои ҷамъи арабӣ бо роҳи ҷамъбандии шикастаи арабӣ сохта шудаанд. Ин тарзи ҷамъбандӣ асосан бо роҳи флексияи дохилӣ, яъне дар решаи калима ҷоиваз кардани овозҳо ба вуҷуд меояд. Дар асар чунин шаклҳои ҷамъбандии шикаста вуҷуд дорад:

  1. Типи - афъол: асрор шакли ҷамъ аз сирр: Асрори худро аз банда пӯшида намедошт (с. 294). Мактаби атфоли бепадар ҳам сиво аст (с. 76).

Муаллиф калимаи арабии авкотро, ки дар забони ҳозираи тоҷик ба маънои таом, хӯрок кор фармуда мешавад, ба маънои аслии худ истеъмол намудааст. Ин калима 5-6 маротиба кор фармуда шуда, дар ҳама маврид ба маънои ҷамъи вақт, яъне вақтҳо истеъмол карда шудааст, на ба маънои таом: Агл авқот зиндагии худро ба саёҳатгардӣ гузаронидам (с. 21). Аглаб авқот ин роҳ ошӯб дорад (с. 26).

  1. Як гурӯҳ калимаҳо дар қолаби фуало ҷамъ баста шудаанд:
    раиси вузаро ва вазорарат муқаррар намуд (с. 305): поир - пуаро,
    олим - уламо, ҳаким - ҳукамо ва монандӣ инҳо.

  2. Дар қолаби фуҷул: ђерлинро мадинат-ул-улум ғА-л-фукун меноманд (с. 72).

  3. Дар накли мафоил: шайх - машоих: Чурҷон дар замони қадим шаҳри бисёр оузурги муътабар буда, ки аксар аз уламои номдор

пешина
аз 159
навбатӣ