Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
вуҷуд дорад, дар забони арабӣ ин суффикс истеъмол намешавад. Бо ёрии ин суффикс қисми зиёди калимаҳои форсӣ, ки бо -е ва дар забони тоҷикӣ бо суффикси -а тамом мешаванд, ҷамъ баста мешаванд.
Аз рӯи қоида агар охири калимаҳо бо садоноки а тамом шавад, дар он сурат дар байни садонок як ҳамсадои ҷ ба вуҷуд меояд. Бо ин роҳ як гурӯҳ калимаҳои тоҷикӣ ҷамъ баста шудаанд. Мисолҳо: мева-меваҷот, корхона-корхонаҷот. Баъзан аз калимаҳои арабӣ низ бо ин суффикси варианти тоҷикӣ ҷамъ баста шудааст: қалъа-қалъаҷот: мавқуфаҷот ҳам хеле аст (с.122) Ҳар қисми меваҷот дар тобистон пайдо мешавад (с.30). Корхонаҷот ҳам инчунин ҳаст (с.302).
Дар асар дар як ҷумла як калимаи арабӣ ҳам бо суффикси ҷамъбандии арабӣ ва ҳам бо суффикси тоҷикӣ ҷамъ баста шудааст. Ин ҳодиса дар асарҳои дониш низ дучор мешавад. Мисолҳо: Ағлаби қалъаҷоту қаровулхонаҳои Эрон дар тасарруфи давлати рус аст, ки дар яке аз он қалъаҳосокири сарҳади рус манзил кардаанд (с. 204).
Суффикси арабии -от на фақат ба охири калимаҳои арабӣ инчунин дар калимаҳои тоҷикии деҳа ва боғ низ омадааст: деҳоти обод, боғоти ангур фаровон аст (с.117).
Ғайр аз шаклҳои ҷамъи арабии бо суффикси -от сохташуда, дар забони адабии имрӯзаи тоҷик ба вазифаи исми ҷомеъ кор фармуда мешавад: баёнот, мулоқот, маҳсулот, меваҷот. Баъзе аз ин калимаҳо бар замина дар шакли ҷамъ воқеъшуданашон суффикси ҷамъбандиро ҳам мегиранд.
Дар асари Мирзосироҷ калимаҳои идора, қитъа, мукотиба, истеҳком, молият, машруб ва ғайра бо суффикси ҷамъбандии арабии -от ва -ёт ҷамъ баста шудаанд:
Чилави он дӯкони машрубот (с.110). Ӯ ҷиҳати ҷамъ намудани молиёти девонӣ рафта буд (с.136). Ҳоло ҳам мукотибот бо ҳам дорем (с.294). Тамоми идорати Рашт ҳолия манзум ва хушиморат аст (с.247). Қитъаоти ободи оламро мутасарриф гардидааст (с.98). Ҳолия идорати онҳо хубу манзум аст (с.58).
Баъзе аз калимаҳои русӣ-интернационалии ба асар дохилшуда суффикси ҷамъбандии арабии -от ва тоҷикии -ҳо-ро қабул кардаанд: Аз тамоми давлатҳо ҳам пасу дунбол телегрофоти табрикӣ ҳамарӯза мерасид (с.307). телеграфҳо - (с.281). Исмиҳои бӯстон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё