Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва машоихи кибори ислом аз он сарзамин баромаданд (с. 219), харҷ — маҳориҷ ва монанди инҳо.

Бояд гуфт, ки ҷамъбандии шикастаи арабӣ барои забони асарҳои адабиёти классикӣ хос ва умумӣ буд, дар ин бобат аз маҷрои умумӣ Мирзосироҷ ҳам берун набаромадааст. Доираи ин шакли ҷамъбандии шикастаи арабӣ дар забони тоҷикӣ фақат баъд аз революцияи Октябр хеле маҳдуд гашт ва ҷои онро ҷамъбандии тоҷикӣ ишғол намуд.

в) ҷамъбандии дугона, ки хоси забони арабист, дар “Туҳафи аҳли Бухоро” танҳо дар 3-4 калима дучор мешавад. Ин шакли ҷамъбандӣ дар адабиёти классикӣ низ камтар дида мешавад ва фақат дар якчанд калимаҳои арабӣ ба забони тоҷикӣ дохилгардида ба назар мерасад.

Ҷамъи дугона, мегӯяд Е. Э. Бертельс, ба забони арабӣ хос аст. Бо таъсири забони арабӣ ин шакли ҷамъбандӣ дар забони адабии тооктябрии тоҷик гоҳо дучор мешавад. Дар асари Мирзосироҷ калимаи тараф бо ин роҳ ҷамъ баста шудааст: тараф — тарафайн — ҳар ду тараф:

Саволу ҷавоби тарафайнро сабт мекунанд (с. 172). Ғанда гуфтам: рози будани тарафайн шарт аст (с. 48). Тарафайнро ҳарфазон баробар наомад (с. 306).

Суффиксҳои исмсоз

Дар ҳар як асари бадеӣ суффикси исмсоз аз ҷиҳати миқдор ва тарзи истеъмол аз ҳам фарқ мекунанд. Дар баъзе асарҳои бадеӣ суффиксҳое дучор мешаванд, ки дар асари дигари бадеӣ дида намешаванд, ё ки аз ҷиҳати вазифа гуногун буда, баъзе аз онҳо дар истифода маҳдуд шуда, қисми дигарашон дар калимасозӣ каму беш дучор мешаванд.

Агар суффиксҳои калимасози асарро бо суффиксҳои калимасози забони адабии ҳозираи тоҷик муқоиса намоем, вазъият дар ин бобат боз ҳам равшантар мегардад. Дар “Туҳафи аҳли Бухоро” суффиксҳои исмсози зерин дида мешаванд:

І. Суффикси -чӣ. Ин суффикс дар 14 калима дучор гардид. Суффикси -чӣ дар асарҳои пешинаи забони тоҷикӣ ниҳоят кам дида меистаўд. Сабаби дар асарҳои насрӣ ва назмии пешина кам дучор шудани суффикси -чӣ эҳтимол дар он бошад, ки истеъмоли суффикси мазкур дар собиқ ҳанӯз умумият пайдо накарда будааст. Ин суффикс баъдтар шояд бо таъсири забони гуфтугӯӣ бошад, дар забони

пешина
аз 159
навбатӣ