Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
эстонию латишӣ оварда эҳтиёт карда буд, ки агар Бузург аз олам намегузашту сад соли дигар аз ҳамон куртаҳои урфиаш мепӯшид, захираи тирезҳои Нигор баҳузур мерасид.
– Худатон мегуфтед, ки дарди фироқу сӯзи ҷудоӣ балои азим аст, бобоҷонам. Ба сари фарзандҳои кенҷаатон чиба раҳм накардед, бобоҷонам! – навҳа мекард Нигор дар давраи занҳои сиёҳпӯш.
– Дар ин ҳавои хунук шумоя ба хонаи тираву тор танҳо монда омаданд. Мо дар ин дунёи равшану васеъ чӣ кор кунем акнун? Илоҷаша гӯед, бобоҷони соҳибтадбирам!!
– Орзӯ мекардем, ки ёру дӯст ба навадсолагиатон омада хурсандӣ кунанд. Меҳмонакои азиза чиба музтару малӯл кардед, бобоҷонам?..
Нигор аз хонаи бобо хаставу нотоб омад. Аммо дина боз ба зодгоҳаш бирафт, то бародарҳо ва амакҳояшро ба мошини ҳаштҷояи ҳамаҷогарди акааш савор карда, ба Сочак барад.
Нигор... Нигори азиз, вуҷуди аз ҷон ширини Саидбек...
Ҳоло ҳамроҳи бародар ва хешутабораш меояд, ки хона холист. На шавҳар ҳаст, на Райҳон. Дере нагузашта мефаҳмад, ки....
Не, ба хаёлоти ҳузновар роҳ набояд дод. Парасанге ки вазни ӯро дар рӯи ин бистари сард нигоҳ доштааст, зоҳиран санги мазбутест. Вале агар ҷони Саидбек фаразан ба санги пойдор неву ба тори борику нозуки заифе андармон мешуд, дар ҳамон сурат ҳам дил аз зиндагонӣ барнамеканд. Ҳа, ба андешаҳои яъсовар набояд роҳ дод. Магар кам буданд касоне, ки ба машаққатҳои зиёде тоб оварда, аммо дар остонаи наҷотёбӣ ба навмедӣ даст дода, ба коми нестӣ ғелидаанд?
Магар Райҳонак ҳамон гуна вуҷудест, ки сағираи бепадар монданаш гуноҳ набошад?
Оё Нигор ҳамон гуна занест, ки дар ин дунё ӯро беёру ёвар, бе дӯст ва пуштибон ҳайрону ҳаросон гузоштан мумкин бошад?
Не. Меарзад, ки ранҷ кашӣ, то рамақе дар ҷон ҳаст, даступо бизанӣ, талошҳо бикунӣ, то ин ки боре, ҳатто ба як лаҳзаи мухтасаре дар чашмони Нигор, дар чеҳраи гарми он ёр ғусса соя наафканад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё