Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳа, ҳатто соя наафканад.
Сад карат меарзад, ҳазор карат меарзад.
Ӯ дар ин ҷо талаф шавад, маросими Бузург чӣ мешавад?
Рӯзи ҷаноза кӯчаҳои назди қабристон аз мошинҳои сабукраву боркаши рангубаранг пур шуда буд. Фардо низ ҳамон кадар одам меояд, балки аз он зиёдтар. Бузург марди овозадор буд. Фақат ду маротиба бо тӯдаҳои ҳарифон ба танҳоӣ ҷангида, ҳар ду маротиба ҳам бо тани афгор, ба таври каснодидаву гӯшношунида афгору озурда аз лаби гӯр баргаштанаш чӣ қадар ҳикоятҳо, ривоятҳои афсонамонанд ба майдон овардааст. Ба замми ин, на ҳар кас ба ин хел синни муборак мерасад. Мардум одате доранд, ки «кори хунӣ»
дошта бошанд ҳам, онро як сӯ монда, ба поси хотири мардони умрдида мешитобанд.


Ҷаҳли мураккаб гуфтанӣ ибораи қадимае ҳаст, нодонии аз ҳад берунро ҳамин тавр мегӯянд. Аз рӯи инсоф, меарзад, ки Саидбек худашро кӯри мураккаб биномад. Маҳз хамин хел кӯри мураккаб метавонад асои худро гаштаву баргашта гум кунад.
... Он рӯз Умар хабар овард, ки сардори қитъа ӯро ба Пахтаобод фиристоданист. Ҳатто фармон бароварда, ба тахтаи эълонҳо часпонидааст. Чӣ бояд кард?
Саидбек ҳамроҳи Нур ба идора биштофт.
– Биргад, ту ба вай сахт нарас, – ҳанӯз дар оғози роҳ маслиҳат медод Нур. – Ман боз ягон бачаи хубро ба кор меорам. Авлоди мо, шукр, калон. Сағираҳои чолоку чаққон бисёр.
Бригадаи Саидбек Сангинов аслан пешқадамтарин дастаи қитъа, ҳатто ҳамаи соҳаи энергетика буд. Баъди омадани Умар кори бригада боз равнақ ёфт. Вай танҳо худаш ҳам ошпаз буд, ҳам мудири хоҷагӣ, ҳам, ба забони идоравӣ гӯем, экспедитор. Дар шароите, ки бригадаи Саидбек кор мекард, вазъи таъминот аз хобу хӯрок аз омилҳои аввалиндараҷаи суръату сифати кор аст, гӯяд муболиға намешавад.
Ин буд, ки хабари овардаи Умар ҳамаро мушавваш намуд.
– Ин чӣ гап?! – мегуфт Саидбек худ ба худаш, ба рафиқонаш ва ҷавоби муносиб намеёфт.

пешина
аз 248
навбатӣ