Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Суханҳои ширини шумоя, насиҳатҳои қимати шумоя акнун ба мо кӣ мегӯяд, бобоҷонам?
Саидбек навҳаи занашро шунида, ба дуртар, ба ҷои хилваттар мегурехт. Аммо дар асл хушсухании Нигор аз мояҳои ифтихораш буд. Вай гоҳо дар сафарҳо, дар тӯю маъракаҳо, дар анбӯҳи одамон ҷӯё мешуд, ки оё касеро аз ҷинси зан ё мард дучор меомада бошад, ки дар муомилаи хуш, дар назокати сухан бо Нигори ӯ баробар ояд? Ин гуна фардро пайдо намекард ва аз ин ҳол боз бештар меболид.
Чӣ неъмати аҷибест сухани меҳрангез, муомилаи ширин.
«Ҳеҷ чизи дигар ба ин дараҷа арзон несту ба ин поя қимати гарон надорад, магар ки муомилаи хуш!» Ин ҳикмати муаллифи достони родмарди ламанчиро1 солҳои охир аз лавҳаи дару девори дӯконҳо, магазинҳо, устохонаҳо мехонду чеҳраи занаш пеши назар меомад ва дилаш ба тарзи гуворое гум мезад ва мехост, ки рӯз ҳар чӣ зудтар бегоҳ шавад ва ӯ овози Нигорашро, суханҳои зарофатноку пурнавозиши ӯро аз наздик бишнавад.
Баъди хонадор шудан ба аёдати бобо онҳо ҳатман дукаса мерафтанд. Худи Саидбек яқин пай набурд, ки меҳре, ки ӯ ба Бузург дошт, кай ва чӣ тавр ба ҳамсараш бигзашт. Ду соли охир сардории сафарҳо барои зиёрати бобо тамом ба дасти Нигор гузашта буд. Вай ба тақвим нигоҳ карда мегуфт, ки фалон ид наздик меояд ва агар ҳукуматамон ин дафъа ҳам рӯзҳои истироҳатро ба рӯзҳои ид бипайвандад, ҷамъ се ё чаҳоррӯза фурсати муносиб пайдо мешавад. Ва шурӯъ мекард ба тайёрӣ. Аз куҷоҳое чойи дилхоҳи бобо – чойи асили қуттидори ҳиндӣ пайдо мешуд, тӯда-тӯда дили наботро, дили яккачин ва маскарангашро ба коғазхалтаҳо захира мекард. Аз чити сафеди рах-рах ё холдор барои Бузург куртаҳои зонураси қадимишакл медӯхт. Ба гиребони кӯндаланги аз китф то китф кушоди курта шерозаҳои гулдор мечаспонид. Аз сафари якҷояашон ба шаҳрҳои назди Балтика он қадар шерозаҳои рангубаранги зебои литвонию

С. М. Сервантес.

пешина
аз 248
навбатӣ