Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ва худи он рӯз ҳам ба гаронии худ, бо ҷунбуҷӯли мардуми бисёре дар ҳавлии бобо ва кӯчаҳои атрофи он, бо гиряву навҳаи занон ва хусусан Нигор, ки сӯзу гудозашро гӯё ҳадду ҳудуде набуд, дар ёди Саидбек чун айёми тӯлонии тираву тори туманолудае нақш баста буд. Ба назараш чунин мерасид, ки мағзи сар ва худи сараш ҳам дар иҳотаи туман афтодааст. Садои одамоне, ки ба ӯ муроҷиат мекарданд, ба гӯшаш гӯё аз паси чанд қабат пардаи ғафс аранг-аранг мерасид. Оре, Бузург охирин шахси наздики ӯ аз ҷумлаи аҷдодонаш буд. Падар, модар, ҳар ду модаркалон кайҳо рафта буданд. Бобои модариашро Саидбек умуман надидааст.
Соати ба хок супурдани бобо, вакте ки ҷасади кафанпечи ӯро аз тобут мегирифтанд, Саидбек ба «айвончаи» қабр фаромад. Вай мебоист пайкари боборо аз дасти онҳое, ки дар боло буданд, гирифта ба даричаи лаҳад, ба дасти гӯрков медод. Дар ҳамон асно дилаш лаҳзае таг кашид: пайкари шахси азиз, ки як умр гарм буд, ҳоло аз паси суфи оҳарии лағжонак ях барин хунук расид. Ва ҳамин сардӣ мисли боди серуни зимистон то ба қаъри дил ва мағз-мағзи устухонаш рафта халид. Касе аз калонсолоне, ки дар канори хоктеппаи сари қабр рост меистоданд, чанд сония беҳаракат мондани ӯро дида, бо изтироб хитоб кард:
– Саидбек, ҷиян, ҳушёр шав!
Ва ӯ аз ин нидо ба худ омада, ҷасади боборо зичтар ба оғӯш гирифт ва озод бардошта, поёнтар фаровард ва пои ӯро ба дасти гӯркан биспорид.
Дар ҳавлии бобо ҳарчанд зану марди дастёр, хешу табори хидматгор бисёр буд, Нигор дам нагирифта, аз субҳ то ними шаб меҷунбид. Мегиристу ҳатто оби дидагонашро пок накарда, ба чаҳор сӯи ҳавлӣ медавид. Эҳтимоли хастагӣ ё дар ҳавои рутубатнок шамол кашидан ба гӯшаи хаёлаш намеомад. Байни айвону хонаҳои калон ва ошхонаву мадону анборакҳои бобо мокувор тор метанид ва бо ин ҳама ҳамин ки занон дар саҳни ҳавлӣ давра гирифта, овоз меандохтанд, зуд ҷунбуҷӯлашро қатъ карда, худро ба он давра мерасонид ва бо оҳу афғоне, ки аз мусибати дилфигораш шаҳодат медод, ба гӯяндагӣ оғоз мекард:
– Гули сафеди сари сабадам будед, бобоҷонам! Барои чӣ мо, бачаҳои ба ғафлатмондаи шумо, ягон ҳафта пештар наомадем, ки аз дидоратон сер шавем, бобоҷонам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё