Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пирамарди ҳамсоя фикри ӯро ҷӯё шуд, Саидбек гуфт:
– Ҳар чиз, ки шумоён лозим мебинед...
Боз муддате ба сӯҳбати он мардум гӯш дода нишаст. Ба Ғӯлакандоз ба фалонӣ, ба Ҳисору Моғиёну Шаҳристон ба фалонӣ ва фалониҳо хабар бояд фиристод, байни худ маслиҳат мекарданд онҳо. Ва Саидбек харитаи сафарҳои боборо пеши назар оварда, дар дилаш мегуфт: воқеан тухми ошноӣ ва рафоқат парокандааст Бузург. Вагарна Ҳисор куҷову Ғӯлакандоз куҷо?
То фаро расидани торикӣ гурӯҳ-гурӯх одамон меомаданд. Бо чеҳраҳои андешаманд, сари хам омада, ба Саидбек таъзия баён мекарданд ва ҳамчунон бо сари ҳам бадар мерафтанд.
Соатҳои даҳи шаб Нигор ва Нур бо мошини Алексей омаданд. Алексей ба сар тоқии чоргули чустӣ пӯшида, намуди ғалатӣ пайдо карда буд. Нигор худи ҳамон лаҳза бо овози баланд ба гиряву навҳа даромад ва садояш то ба дуртарин канораҳои деҳаи калон паҳн шуда рафт. Алексей Саидбекро ба гӯшае кашида, ба дасташ як лӯндаи коғазпечеро қаппонид. Чун Саидбек дид, ки он коғазпеч пул будааст, ба рафиқаш баргардонид.
– Ин коратон барзиёд, – гуфт ӯ. – Дар ин маврид нолозим.
– Маслиҳати рафиқон. Бригадаатро медонӣ-ку.
– Медонам, – гуфт Саидбек. – Аммо дар ин маврид лозим нест. Бобо пулу моли бисёре дорад.
Алексей пай бурд, ки рафиқаш дар хусуси бобои худ тарзе сухан мекунад, ки ӯ ҳанӯз зиндааст. Вай аз нақлҳои Саидбек дилбастагии ӯро ба пирамард хуб медонист. Бинобар ин, ӯро бори дигар оғӯш намуд, таскиномез чанд калима гуфт ва дар айни замон дар дили худ аҳд кард, ки маросимҳои ёдбуди ин мӯйсафед аз рӯи расму оини миллиаш чанд маротиба, ки такрор шавад, ҳамеша дар паҳлӯи Саидбек бошад.
Рӯзи дафн ҳаво банохост хунук шуд. Аз саҳар то чоштгоҳ боғоти Сочак дар оғӯши тумани ғафс мехобид, ки дар ин фасли тирамоҳ, дар охири моҳи октябр як ҳодисаи нодир буд.

пешина
аз 248
навбатӣ