Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳанӯз ин саволро ба худ надода, дилаш так кашид. Гӯё касе гуфт, ки ҳоло фақат як чиз аҳамият дорад: аз ин варта ҷон ба саломат бурдан. Ана шаб ҳам гузашт. Акнун чӣ? Оё ҳамин аст он ки гуфтаанд: поёни шаби сияҳ сафед аст?
Ҷони одамизод аз санг сахту аз шиша нозук. Ин гап, бешак, дуруст аст. Аммо сабру тоқат ҳам, охир, мисли ҳар чизи дигар ҳадду ҳудуде дорад. Боз чӣ қадар муддат ӯ қодир аст, ки пои худро ноҷунбон ба сари санги наҷотбахш такя дода тавонад?
Саидбек ҳис кард, ки дар пешониаш арақи сард пайдо шуд. Аз он лаҳзае ки сангпар сар шуда, ӯро ба ин ҳол расонид ва то ба ин дақиқа аз анҷоми номатлуби кор то ба ин дараҷа сахт натарсида буд. Ин натиҷаи бехобӣ, гуфт Саидбек дар дилаш пас аз дақиқае худро ба даст гирифта.
Пештар ҳам пас аз бедорхобиҳои тӯлонӣ эқсос мекард, ки асабаш заиф шудааст. Дар кӯча пиёда равон бошад ва аз қафо ягон автомобил банохост сигнал диҳад, як қад мепарид. Ба мисли нашъамандоне, ки аз истеъмоли тарёк сояашон тунук мешавад ва аз нохост ғиҷиррос задани турми дар ҳам ҷонашон ба изтироб меафтад.
Ҳа, ҷон ширин, зиндагӣ азиз. Барои ҳама ба як сон азизу нотакрор...
Пеши назараш боз хаймачаи норинҷии сайёҳӣ танҳо ҷилвагар шуд. Сонӣ пайкари Бузург пайдо гардид, ки дар тутзори торик бо як даст ба танаи дарахти пир такя карда, дастаи тешаи устоиашро бо дасти дигар сахт мефишорад ва ба қасди ҷони ӯ қадам ба қадам наздик омадани ҳарифи бешафқатро таъқиб мекунад. Сипас Бузургро дар бағали буттаи анҷир дид, ки охирин мадорашро ғун карда, барг меканад ва баргҳои калон-калону гарону шахшӯли анҷирро рӯи ҳам гузошта, ба ҷароҳати хуншори шикамаш медорад.
Агар ба ин тарзи нолоиқ талаф шавад, Бузурт нахоҳад донист, аз хаёл гузаронид Саидбек. Пас, чунин андеша ҳарчанд ғояти носипосист, аммо бояд эътироф кард: хуб шудааст, ки Бузург як ҳафта пеш аз ӯ чашм аз олам пӯшидааст.
– Бузурги ман... – пичиррос зад Саидбек ва нафас дар гулӯяш печид. Нам гирифтани чашмонашро ҳис кард, мижа таҳ намуд. Ду қатра ашк аз зери пилкҳо баромада, оҳиста ба рӯяш лағжида фаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё