Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз ту, Бек, дигар хел умед ҳам надоштам, – боз гуфт Бузург. – Туя, вай духтари дӯстрӯяк... дидам вая... Насиб кунад, нағз... ҳа, туя, Нигора дуо мекунам. Лекин, афсӯс, Шумо, ҷавонҳо, ба дуои хайр бепарво барин. Ба хаёли мани пир ҳамту.
– Инту нагӯед, Бузург, бепарво нестем мо, – боадабона эътироз кард Саидбек. – Дуои хайр, охир орзуи нек аст, ситоиш аст. Чаро қадр накунем?
– Надонам. Хайр, Бек, майлаш. Тӯя тирамоҳ мекунем.
Ҳама розӣ. Ғами пула нахӯр. Худам омада, сару бар мешавам. Хонаи иҷора ҳам айб надорад. Мешавад, ҳамааш оҳиста-оҳиста. – Ба чеҳраи бобо дар ин дам абри андӯҳ соя афканд ва ӯ чашмонашро нимпӯш карда, гӯё худ ба худ мегуфта бошад, бо овози паст илова намуд: – Охирин тӯйи арӯсиву домодии писари худам. Ба фикри мани пир ҳамту. – Боз дақиқае сокит монд, сипас дар ҷои нишастааш як ҷунбиду хаёлоти нохушро аз сараш дуртар биронд ва бо садои бардами одатиаш гуфт: – Тӯйи калон мекунем. Хез, Бек, рафтем, мана ба айрапорт барор.


Субҳ дамида, ҳама ҷо равшан шуда буд.
Аз роҳи он сӯи наҳр автомобилҳо ба ҳаракат даромаданд.
Саидбек баръало шунавид, ки чанд мошини гарони боркаш дунболи ҳам гузашта, дар гардишгоҳи танг махсусан башиддат ғуррос зада, ба кӯтали начандон баланд баромад.
Эҳтимол, корвони мошинҳои бедакашон бошад. Бомдодон одатан ҳамин гуна корвонҳо ба сафар мебароянд. Агарчи дар сари ағба ду-се бор барф боридааст, рафтуои автомобилҳоро ҳанӯз манъ накардаанд.
Дар боло гунҷишкон чириқ-чириқ мекунанд. Аз афташ, дар шохаҳои дӯлона нишастаанд. Ва мисли ӯ шабро дар ҳамин ҷо гузаронидаанд. Шояд онҳо гунҷишк нестанд, мурғакони дигаранд ва оғози суруди саҳариашон ҳамин тавр чириқ-чириқи гунҷишкро мемонад?
– Хайр, ин аҳамияте надорад.
Пас чӣ аҳамият дорад?

пешина
аз 248
навбатӣ