Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Майлаш, таскиномез гуфт Саидбек.
Гиристани ӯро кӣ мебинад? Ҳеҷ кас. Бузург дигар нест. Бузург ин нангро нахохад дид, нахоҳад шунид, нахоҳад донист, нахоҳад сӯхт.
... Он рӯз бо даъвати бобо ба наздаш ҳозир шуду пас аз як соати дигар дар сари бистари сардаш менишаст. Ашк дар чашмонаш чун оби гарм дар чашмаи ҷӯшон медамид. Медамиду ҳалқа мезад ва фурӯ мерехт. Боз медамиду ҳалқа мезаду фурӯ мерехт. Бобо навад сол умр дид. Ҳама гуна талхию шириниҳоро чашид, гармию сардиҳоро дид, аз пастию баландиҳо огоҳ шуд. Агар касе ҳамаи он рӯзҳои пуршиддатеро, ки ӯ аз сар гузаронид ва хидматеро, ки ӯ ба мардуми диёраш бигузошт, ба чаҳор-панҷ ҳиссаи баробар ҷудо мекард, ҳар яке аз он қисматҳо умри муқаррарии одамиро зинат метавонист додан. Саидбек медонист, ки падруд кардани бобо амри табиист. Ба мисли қарзи воҷиб аст ин амр, ки бояд адо кард. Бо вуҷуди ин мегирист, мисли кӯдаке ки ноҳақ озор дода бошандаш, бо алам, вале бидуни навҳа мегирист.
Ҳар замон ба хона одамон даробаро мекарданд. Аммааш омада рӯйҷои сафеди дар болои часади Бузург пӯшидашударо ғундошта, ба ҷои он рӯйҷои сабзи махмалин густарид. Касе омада хабар дод, ки ба Нигор боз як телеграммаи дигар фиристодаанд. Пирамарди ҳамсоя даромада, аз рафи тоқча, аз байни китобҳои кӯҳнаи бобо якеро гирифта, ба меҳмонхона баргашт. Боз чанд нафари дигар аз хешу таборон даромада, даме нишастанд, оби дида бирехтанд, ба ҳамдигар, ба Саидбак таскиномез чиҳое гуфтанд ва берун бирафтанд.
Саидбек ҳамаи ин омадурафтро гӯё ҳам эҳсос мекард, ҳам не.
Лаҳзае буд, ки ба назараш таги сари бобо аз ҳад зиёд баланд намуд. Як қабат болини паҳни пахтагинро гирифта, ба канор гузошт. Сари боборо дурусттар ҷойгир намуд. Сипас ба рӯи синаи бобо хам шуда, ҷуссаи ӯро оғӯш кард ва муддате дар ҳамин ҳол буд. Аз дилаш гузашт, ки ҷисми ин зоти барояш азиз, ҷисми падар ва мураббии меҳрубонаш фақат чанд соати дигар меҳмони ӯст. Ва дастонашро ба зери шонаи бобо дароварда, пайкари ҳанӯз гарми ӯро навозиш кард.

пешина
аз 248
навбатӣ