Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Бад не.
– Дуввум ин ки захираи намаки Тоҷикистон, ху-ӯш, аҳолии ҳамаи оламро ба муддати чандин ҳазор сол таъмин карда метавонад.
– Бисёр хуб.
– Боз гӯям?
– Кифоя, бародар.
– Ихтиёр ба шумо, духтур.
– Хайр, саломат бошед.
«Саломат бошед» гуфту дарҳол хиҷолатмандона сурфа кард. Пас ба худ аҳд намуд, ки аз фардо муолиҷаи ин беморро ба зиммааш бигирад. Ин корро ба воситаи рафиқони ҳамкасаба кардан мумкин. Яке ба назди мудири мӯҳтарам медарояду мегӯяд, ки кори шумо аз ҳад зиёд аст, мудири арҷманд. Муолиҷаи фалониро ба ман ё ба Наққош ҳавола кунед. Аз серкорӣ ба сархорӣ дастатон намерасад. Мо ҳам кӯр не, охир, дида истодаем. Ҳеҷ кас мисли шумо барои беҳбудии кори шӯъба, барои сиҳатии дардмандон ҷонсӯзӣ накардааст. Ва ғайра ва монанди ин. Бо таърифу тавсиф шайтонро ба дом афтонидан мумкин.
Бале, ҳамин тавр кардан даркор. Вагарна муолиҷаи як ҷавони лаёқатнок беҳуда кашола мешавад. Эҳтимол, фурсати мусоид аз даст биравад. Табобати вай мисли Шоҳида тадбирҳои таъҷилӣ, шабҳои бехобӣ наметалабад, лекин ба ҳамон дараҷа муаммои мушкил менамояд. Агар боз мураккабтар набошад.
Бориши барф ба охир мерасид.
Акнун ягон-ягон пағаҳои мисли пар нозук ва сабуки он дар фазо коҳилона сайр карда, гӯё пас аз тааммули тӯлоние бар сари ниҳолу буттаҳо, роҳу роҳгузарон менишастанд.
Ҳаво тоза ва гуворо буд.
ҶАГА
Ба ҳавлии нав кӯчидему дар пеши додом даррав гапи сага кушодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё