Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Нақшаи Наққош барор намегирифт, айб мешуд-дия! – аз ординатура хушҳол баромада бо овози баланд ба худ гуфт Наққош ва оҳи сабуке кашид.
Сунбула се писари Шоҳидаро аз ошёнаи якум боло баровард ва аз долони дароз гузаронида, ба кабинети ординатура ҳидоят намуд. Аз паси дари нисфаш шишакории кабинет садои хурсандонаи бачаҳо, нидоҳои навозиш ва гиряомези модар ба гӯш мерасид.
– Оча, кай ба хона меоӣ? – писарони калонаш ин саволро бо навбат такрор мекарданд.
Падари онҳо дар толори байнн шӯъбаҳои занонаю мардона буд. Ӯ гоҳ дар яке аз курсиҳои қатори таки девор мӯи сарашро қабза карда сархам менишаст. Гоҳо бархоста, дар саҳни толор бесаброна қадам мезад.
Духтур Сунбуларо ҷеғ зад.
– Ҳазор раҳмат, Сунбула.
– Намеарзад, муаллим.
– Меарзад. Ҳамин қадар заҳмат кашидед. Лекин боз як илтимос: имрӯз ва имшаб аз ҳоли ӯ бохабар бошед. Ба шумо унс гирифтааст.
– Хуб.
– Медонам, ҷабр мешавад. Аммо чӣ чора? Телефони маро медонед?
– Бале.
– Имрӯз як журналист ин ҷо омаданӣ буд. Қаблан телефон мекунад. Ба ҳамон кас телефони хонаро мегӯед.
– Фаҳмидам.
– Ман аминам, ки шумо духтури хуб мешавед, Сунбула.
– Раҳмат, муаллим.
Дар баромадгоҳ Наққошро Ҳамадон мунтазир буд. Лекин ин дафъа худи Наққош бо ӯ хуррамона вохӯрӣ карда пурсид:
– Аз обнорасидааш будагист?
– Албатта ҳаст. Барои шумо, хӯ-ӯш, чӣ қадар хоҳед, ёфт мешавад.
– Канӣ шунавем, додарам.
– Яктааш ин ки кӯҳсори Помир, хӯ-ӯш, дар зарфи даҳ ҳазор соли охир, хӯ-ӯш, ҳаштсад метр баланд шудааст. Яъне ҳар сол ҳаштсантиметрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё