Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Наққош бо ӯ се рӯз инҷониб дам ба дам сӯҳбат мекунад.
Аз гуфтаҳои ӯ баъзе ҷузъиёт ба шуури бемор таъсири амиқ мегузорад. Чунончи, духтур оид ба қарзи модарӣ, савоби тарбияи фарзандон гап зада, дар зимни сухан зарбулмасалеро хотиррасон намуд, ки «Ба шабуш ситеза карда, эзорро масӯзон».
– Чӣ? Чӣ? – ногоҳ сухани духтурро бурида пурсид Шоҳида, ки то алҳол парешонҳолона менишаст.
Наққош зарбулмасалро такрор гуфт.
Шоҳида табассум кард ва бо ҳамин лабханди сабук муддате ба андеша рафт. Мантиқи оддии ин ҳикмати начандон нафис он қадар бурро ва нишонрас буд, ки дергоҳе хаёли беморро тасхир кард. Духтур бояд фардо пагоҳӣ ана аз ҳамин гуна лаҳзаҳо ва нуктаҳо устодона истифода барад.
Он ду қасди аввалаи Шоҳида ба ҳалок кардани худаш, хайрият, бебарор бигузашт. Вай ҳоло ба барори саъйи охиринаш эътимоди комил дорад.
Дар замони пеш оине будааст, ки касе ба қатл маҳкум шуда, аммо бо ягон сабаби фавқулодда ҳукм ба иҷро нарасад, он шахс худ аз худ афв мешудааст. Масалан, агар туфанг оташ нагирад, ё ҳангоми ба дор кашидан чӯбаи он сарнагун биравад ё шохи таноббастаи дарахт банохост бишканад.
Аз рӯи инсоф мулоҳиза карда шавад, Шоҳида барин беморон низ бояд аз қасди бемурувватонаи худ даст бишӯянд.
Оё ба ӯ ҳамин нуктаро гуфтан ҷоиз бошад? Не. Мисолаш басе вазнин ва нохуш. Фардо фақат сӯҳбати сабуки фараҳовар бамавқеъ хоҳад буд. Ҳамин ки бедор шуд, як дақиқа танҳо намонда, ба ин ҷо, ба ординатура оваронида, ҳушу ёду тафаккури ӯро ба созу пардоз бояд гирифт. Воқеан, ҳар се писараки ӯ фардо саҳарӣ бояд дар ҳамин қарибиҳо бошанд, зеро мулоқот бо онҳо дар силсилаи тадбирҳои Наққош ҷузъи ҳалкунанда ҳоҳад буд.
Фақат пеш аз мӯҳлат барнахезад, вагарна иҷрои нақша мушкил мешавад.
Не. Ӯ ба қадри кофӣ доруи хоб хӯрдааст. Бояд ором бихобад.

пешина
аз 248
навбатӣ