Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Рашки одамони махсусан ҳассос ва бадгумону васвос.
Наққош на фақат аз он сабаб дар ин ақида аст, ки аз илми рӯҳшиносӣ ва табобати рӯҳ бештар ба ҳамин соҳа балад шудааст. Не, худи зиндагонӣ гувоҳ аст. Далелҳои фаровони аз якдигар аҷибу ғарибтар гувоҳанд.
Порсол ин ҷо марде мехобид. Дар кӯраи рашк бирён ва тамом пӯсту устухон шуда буд. Наққош аз сӯҳбатҳои такрор ба такрор хулосаи равшане бароварда натавониста, даставвал ба қароре омада буд, ки мардак рози дилашро нимкола мегӯяд. Аммо сонитар яқин намуд, ки рашки ӯ дар воқеъ асосе надорад. Фақат як ҳикмати аз касе шунидааш ва як ҳикояти дар поезд нақлкардаи шахси дигаре дар шуури ӯ реша давонида ва манзил гузида, пас бо рӯзгори худи ӯ низ робитаи сунъӣ пайдо кардааст.
Ҳикмат он ки аз хиёнати зан одатан дертар аз ҳама шавҳари худаш огоҳ мешавад. Ҳикоят он ки шахсе ҳамсарашро бо ошиқи ӯ даст гирифта, ҳар дуро бараҳна сохтааст.
Баъд аз сарашон мураббо рехта ва пари болинро ба танашон часпонида, ба кӯча пеш кардааст.
Ин манзараи ғароиб дар хаёли бемор сахт нақш баста буд. Вай ба ёд меовард, ки боре, тахмин ду сол қабл аз ин, занаш дар назди театр бо олуфтае аз ҳад зиёд гарму нарм саломуалеку пурсупос карда буд, ҳатто дар гуфтораш оҳанги ишваомезе шунида мешуд. Баъд занаш мегуфт, ки бо он олуфтасатанг гӯё дар техникум шарикдарс будаанд. Гоҳгоҳе дар дилаш орзуе пайдо мешуд, ки касе бошаду вай онро мисли қаҳрамони ҳамон ҳикоят рангину хотирнишон ҷазо бидиҳад. Бо мурури вақт ба ӯ чунин менамудагӣ шуд, ки рӯзҳои наздик ӯ ба ҷомаи амал пӯшонидани ин орзу муваффақ хоҳад шуд. То ба ифоқа овардани олами тасаввуроти он бемор Наққош басо ранҷ бурд.
Ба Шоҳида осон гирифта намешавад. Хулосаи ӯ оид ба хиёнати ҳамсараш танҳо самараи хаёлоти пуч нест. Лекин қувваи идроки ӯ, хайрият, ҳанӯз тамом заиф нашудааст, ҳарчанд ки тасаввуроташ доир ба мафҳуми ҳаёт, сидқу вафо дарҳам-барҳам шудааст. Вафо набошад, ҳаёт маъное надорад. Ҳамин тааммул шуури ӯро чун чодари сиёҳ печонидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё