Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нона гуфт Хосиятхон. – Одамони хуб набояд бимиранд, боз изҳори ақида намуд ӯ ва ногоҳ бо овози баланд илова кард:
– Марди гандая рӯяша мурдашӯ шӯяд.
– Илоҳо омин! – хандида даст ба дуо бардошт Наққош.
– Ҳа, худатон ҳам эҳтиёт шавед, нахандед, – бо оҳанги нимшӯху нимтаҳдидомез гуфт Хосиятхон. Ман шуморо пеш аз хонадориатон огоҳ карда будам. Ёд доред?
– Ҳа. Агар бевафоӣ кунӣ, мекушам, гуфта будед.
– Не, аниқтар гӯед. «Мекушам» не.
– Ростӣ, ҳамин қадараш дар ёдам мондааст, чунки хаёл мекардам, ки аз куштан сахттар ҷазое нест.
– Ҳаст. Қассоб як қабат пӯст меканад. Ман гуфта будам, ки аз шавҳари хоин се қабат пӯст меканам.
– Ана шафқату мана мурувват. Боз ин кас табиби ҳозиқ...
Лекин бояд иқрор шуд: агар банда сари мӯе бамаънӣ шуда бошам, ин натиҷаи ҳамон таҳдиди шумо. Се қабат пӯст-а!
Ба гуфтан осон.

11 Беморон ба хоб рафтанд.
Шоҳида ҳам як каф таблеткаро бо чойи ширин фурӯ бурда, ба ақидаи худ, ба хоби вопасин рафт. Ӯ чанд дақиқаи аввал ноором, вазнин нафас мекашид, ҳиққосзанон мегирист.
Ин бешубҳа, таъсири эътимоде буд, ки ба оқибати кирдори худ дошт.
Дере нагузашта хобаш бурд.
Духтур сӯҳбат ва муомилаи фардоинаи худро бо Шоҳида гаштаву баргашта аз ғирболи андеша мегузаронид. Қавитарин умеди ӯ ба садамаи пурзӯри рӯҳӣ, ба изтиробу ошуфтагии бемор аст, ки худро зинда ва побарҷой дарёфта, аз сар хоҳад гузаронид. Агар дар ҳамин лаҳзаи аввал дар тафаккури ӯ табаддулоти куллие ба вуҷуд овардан муяссар шавад, кор минбаъд барор хоҳад гирифт, вагарна муолиҷа, эҳтимол, моҳҳои дароз кашол ёбад. Ё умуман ба анҷоми матлуб нарасад.
Пурасрортарин, серазобтарин гӯшаи олами рӯҳии инсон бояд рашк бошад, баъзан фикр мекунад Наққош. Алалхусус рашки фавқулодда, ё ба таъбири табибон, рашки патологӣ.

пешина
аз 248
навбатӣ