Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Имрӯз вар-вари «Чайка»-атон тӯл кашид? – пурсид Наққош.
– Ҳа, як чархаш ба ҷӯй даромад. Таки по лағжонак.
– Ба ёрмандӣ ҷеғ назадед-ку?
– Дон Жуан1 кӯмак кард.
– Шумо Дон Жуан ҳам доред?
– Не. Азони худатон. Шавҳари ҳамон беморе, ки қиссаашро гуфта будед.
Хосиятхон барои шавҳар хӯрок оварда буд. Дар як термоси ғафс баракшӯрбо. Дар термоси дигари хурдтар – қаҳваи башир. Ӯро ҳамаи духтурон, санитарҳо, ҳамшираҳои шӯъба хуб мешиносанд. Батафсил пурсупос, ҳазлу шӯхиҳо мекунанд.
Духтури навбатдор, ки ҳанӯз аз овони студентӣ бо ҳам шиносанд, шӯхӣ кард:
– Пазмон мешавед-дия?
– Набошад чӣ! Моли камбағал пеши назараш бошад, хуб.
Наққош ва духтури навбатдор рӯи миз аз рӯзномаҳои кӯҳна дастархоне дуруст карданд.
– Қавл дода будед, ки дар ҳамин ҳавои нобоб мошинсаворӣ намекунед, – ба занаш таънаомез рӯй овард Наққош. – Чӣ гӯям ба шумо?
– Ҳеҷ чиз, – дарҳол ҷавоб дод Хосиятхон. – Беҳтараш иҷозат бидиҳед, ки бемори наватонро бубинам.
– Шоҳидаро?
– Ҳа.
– Хӯш?
– Зани ғалатӣ бояд бошад.
– Хайр, лекин каме сабр кунед. Сунбула биёяд. Сунбула омад. Наққош фармуд, ки Хосиятхонро яктаҳ пӯшонида ва барои намуд ба дасташ чизе аз ашёи табобат дода, ба палатаи Шоҳида бубарад.
– Зани дилкаш... – аз палата баргашта хаёлолуд ва маҳзу-
- Дон Жуан – қаҳрамони як силсила асарҳои адабии асрҳои XVIII–XIX ва қиссаву достонҳои халқии испанӣ. Киноя аз занакабози фиребгар.
Муаллиф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё