Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо вай боз ҳамон насиҳаташа такрор кард:
– Сабр кун, писарам. Ҳар кор вақту соаташ-катӣ.
– Пештар мегуфтед, ки дар ин ҳавлича нафаси худамон мегардад, сага ба куҷо мебандем? Акнун ҳавлиамон боғи пионерҳо барин калону боз ҳамон гап.
– Ба ту гуфтам-ку, саги нағз мегирем, писарам, саги зотӣ.
Ба мо, охир, кучуки бефаҳму фаросоти фақат ак-ак мекардагӣ даркор не-ку.
Як рӯз аз дарс баромадам, ки додом дар пеши мактаб дар даруни москвичаш ба ман нигоҳ карда шиштааст. Ба Бозори сабз рафтем. Бозори пеши магазини Олами бачаҳоя калонҳо Бозори сабз мегӯянд. Онро аслан Бозори магазин гӯянд дуруст, чунки ин қадар магазини рангубаранге, ки дар гирди ин бозор ҳаст, дар дигар ҷой нест.
Дар пушти дӯкончаи ҷавоҳирот ду-се кас қуттии посилка, дастаи табар, чӯткаи рангмолӣ, ҳар хел майда-чуйдаи дигар фурӯхта мешиштанд. «Амаки Эдик даркор буданд» гуфт додом ба онҳо. Гуфтанд, ки ҳозир меояд, як бозора чарх зада оед, мебинед. Чарх зада омадем. Амаки Эдик амак не, як бобои қадпасти ришкалон будааст. Ришаш қариб баробари қадаш.
– Саги зотӣ? Валло намедонам, – гуфт ӯ.
– Мана тағои Сангинпӯлод фиристод.
– Сангинпӯлод?! Ҳамту гӯед-да, одам гапа аз сараш сар мекунад.
Амаки Эдик додома ба каноре кашида гуфт:
– Ҳаст. Яъне ки мешавад. Ҳоло назоидааст. Адреса нависед, хабар мегиред.
Баъди се рӯз саҳари барвақт рафтем. Амаки Эдик гуфт, ки ҳоло назоидааст. Нигоҳ кунед, гуфт ӯ, мана очеш, шабу рӯзаш бутун наздик омадагӣ. Ба гӯши падарам чизе гуфт.
Ҳар ду базавқ хандиданд.
Рӯи зина саги калони посбонии зоташ, ба хаёлам, немисӣ меистод. Ба тарафи мо як бор дилу бедилон «ҳуф!» гуфту рӯ ба дигар сӯ гардонид.
Боз ду маротиба худам пиёда ба хонаи амаи Эдик рафтам. Аз пули оҳании болои вокзал гузашта. Сагчаи маро ҳоло ҳам очааш назоида буд. Лекин аз рафтанам пушаймон набудам.

пешина
аз 248
навбатӣ