Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Хайр, ана меравам. Аз Сочак баргардем, меравам.
– Не, худи ҳозир меравӣ.
– Имрӯз шанбе, Алёша.
– Гаҳвора рӯзҳои шанбе кор мекунад. Ҳозир меравӣ.
Саидбек дид, ки бояд гузашт кунад. Худаш ҳам қатъӣ қарор карда буд, ки меравад, нақл мекунад. Модом ки дар идораи худашон масъала ҳал нашуд, балки бештар аз пешина мураккабтар шуд, чӣ чора, меравад. Дина бегоҳӣ ба рӯи санглох хобида, дар сари хашм ба худ гуфта буд, ки аз ин маҳлака наҷот ёбам, рост ба идора рафта, Давидро бо дасти худ ҷазо медиҳам. Дар сари каҳр ба ин аҳд омада буд. «Ту ёш, биргад» гуфтани Нур ҳам беҷо нест. Чӣ лозим хархашаи барзиёд? Вай песи махав намеарзад, ки даст ба ӯ зада, худатро мурдор кунӣ. Роҳи беҳтарин, оқилонатарин ҳамин: ба сардори калон арзи ҳол мекунад, худаш илоҷе меёбад. Агар дар лоиҳаи хатти Кашолдара чанд овеза намешуд, кайҳо ба қитъаи дигар мегузашт. Сари Давида хӯрад қитъаи вай ҳамроҳи карруфараш, найрангу дасисаҳояш!
– Майлаш, – гуфт Саидбек. – Хона рафта, либос пӯшам, риш тарошам, меравам.
– Не, ҳозир, бо ҳамин сару либос бо ҳамин афту андом меравӣ, – бо зарда такрор намуд Новиков.
– Рост мегӯяд ин рафиқат, – ба гап ҳамроҳ шуд Султон. – Риштарошию орою торои ту ба кӣ лозим, ҷигарам?
Саидбек ба аломати ризо сар ҷунбонид.
Аз хамгашти роҳ «Волга»-и идораи Султон, жигулии Алексей намудор шуд. Дар назди мошинҳо Нигор ва Собир рост меистоданд. Собир бо ҳарорат даст афшонида чизе мегуфт. Сонӣ ба тарафи ояндагон ишорат намуд. Нигор ба сӯи онҳо назар карда, чанд қадам пеш омад, баъд бо суръат давид, баногоҳ истоду дар ҳамон ҷои қарор гирифтааш диккак нишаста, рӯяшро бо дастонаш пӯшид.

пешина
аз 248
навбатӣ