Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар сари пули лагери пионерон Султонро диданд, ки ба пешвозашон меомад. Вай Саидбекро ба оғӯш кашид, аз рӯяш бӯса кард, хандид, аммо чизе нагуфт. Дар ду-се соли охир табиаташ дигаргун шуда буд. Ҳоло ӯ сардори ташкилоти калони бинокорон буд. Кам гап мезад, ибораи дӯстдоштааш «сад фоиз»-ро қариб фаромӯш карда буд.
Аз пул гузашта, ба роҳи калони ҳамвор баромаданд. Акнун паҳлӯи ҳам қадам мезаданд ва ба ҳамдигар чизе гуфтан зарур менамуд.
– Нур! – нидо кард Саидбек. – Умара кай тӯй мекунем?
– Мекунем, – гуфт Нур. – Вай... Маросимҳои бобоят гузарад... Ақаллан чилаш гузарад.
– Хайр.
– Худат сардори тӯй бошӣ, мегӯям.
– Сардор мешавам. Худи Бузург васият карда буд, ки маросимҳои мана тӯй барин гузаронед, яъне ки...
– Медонам гуфта будӣ, сардор. Лекин ҳамту бошад ҳам, сабр мекунем. Ту ёш, биргад.
Нур ягон маротиба ба сардораш «ту ёш» нагуфта буд.
Инаш «ту ёш» мегӯяд, ваяш ҳатто гап задан намехоҳад. Аз афти кор, воқеан назар ба синнаш ҷавонтар аст, ҷавонӣ кардааст. Имрӯз рафта, фардо маросими Бузургро гузаронида, пасфардо бармегарданд ва Саидбекро лозим аст, ки минбаъд аз рӯи маслиҳати онон кордорӣ кунад. Ба қадри ин хел дӯстон бояд расид. Ҳа, меарзад, сад бор меарзад.
– Ту аз куҷо хабардор шудӣ? – аз Султон пурсид Саидбек.
– Нигор омад. Ҳамроҳи мана ин русҷӯраат. Воқеан, чаро ту ба маслиҳати вай гӯш намекунӣ? Воқеая ба ман гуфта дод. Каллааш нағз кор мекунад. Сонӣ, ҷигарам, дӯст ҳам ҳамин қадар мешавад.
Саидбек ба Новиков наздик шуда, аз бозуяш дошт.
– Алёша, чаро гап намезанӣ? Ман чӣ гуноҳ кардам?
Новиков аз роҳ бозистод.
– Ба назди Гаҳвора равӣ, ҳамаашро нақл кунӣ, гап мезанам, набошад не, – гуфт ӯ. – Ҳамроҳат имрӯз ба Сочак меравам, зинда бошам, дар бригадаат сад сол кор мекунам, аммо ту-катӣ гап намезанам.

пешина
аз 248
навбатӣ