Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ин дам ба ёдаш расид, ки боре пои Райҳонакаш хобида буд ва ӯ чӣ гуфтанашро надониста, ба модараш ин воқеаро чунин фаҳмонид:
«Очаҷон, ба даруни поям лимонад даромадааст... »
Аз ёдоварии Райҳон дар лабонаш табассум дамид.
Офтоб дигар баланд шуда, заҳри ҳаво шикаста буд. Саидбек бо нӯги ангуштонаш ҳис мекард, ки дар бадани сангҳо гармӣ давидааст. Вай бо эҳтиёт гардан тофт, ба боло нигарист, ба ҳамон ҷое ки дирӯз ба санги ноустувор пой монда лағжида буд. Он санг айнан дар ҳамон ҳолате ки дина бегоҳӣ дида буд, тарафи ҳамвортари суфашаклаш ба ин сӯ хамида, каҷ шуда меистод. Саидбек нигоҳашро аз боло барканда, ба ҳоли пешинааш баргашт. Баргашту аз дил гузаронид, ки болотар аз сараш гӯё як чизи тозае пайдо шудааст, ки дирӯз надидааст ва ҳамин ҳоло назараш аз болои он башаст лағжида гузашт. Боз ба оҳистагӣ гарданашро ба чап тофта, ба боло нигарист. Рост, дина чашмаш ба ин чиз наафтодааст. Вай санг нест, решаи гиёҳе нест. Эҳ, як нӯги тасмаи кӯлбораш аст он.
– Таноб! Таноб ёфт шуд! – аз шиддати изтироб қариб бо овози баланд фарёд кард Саидбек ва пас аз дақиқае маъюсона гуфт: – Хайр, таноб ёфт шуда бошад чӣ? Аввал ин ки таноб дар кӯлбор, кӯлбор дастнорас аст. Фарз кардем, кӯлборро ҳилае сохта, аз тасмааш дошта, кашида фаровардам, хӯш, аз таноб ё пармаю болғае, ки он ҷо ҳаст, чӣ фоида?
Хаста шудаам, аз дил гузаронид Саидбек. Пайдо шудани ҳиссиёти навмедона аз ҳамин сабаб аст. Мисли уштуре, ки бори гаронеро бар дӯш гирифтааст ва ҳангоме ки элакро сарборӣ мекунанд, баногоҳ лангидааст. Мисли уштур, ба худ такрор кард Саидбек ва ба муқоисаи худ лабханде карду ба тасмаи аз миёни сангтӯда намоён бори дигар далеронатар назар афканд.
Барои оҳиста аз барги нозук дошта пештар кашидани шохчаи шикастаи дӯлона чанд дақиқа сарф шуд. Саидбек он шохчаро аз баргу хору шохакони майдатар, ба ҷуз якта ғафстаринаш озод карда, чангаке сохт. Пас бо нӯги чангак сангчаҳои атрофи тасмаро ҷунбонида, онро аз таги тасма гузаронид ва дар ҳамон ҳолат вогузошта, ба атроф назар афканд.

пешина
аз 248
навбатӣ