Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фарз кардем, мегуфт ӯ ба худ, кӯлбор беғилуғиш ба даст омад. Баъд чӣ? Хаста шудаам. Андешаҳои навмедона аз хастагӣ сар мезанад, боз ҳамон хулосаро такрор намуд дар дилаш. Оё аз таноб каманде сохта, ба рахнаи ана он теға партофтан мумкин нест? Мумкин. Ба нӯги санг бандӣ намешавад, санг дар рӯи санг мелағжад, аммо тасмаи кӯлборро кушода ва лӯнда карда, ба нӯги таноб бастан мумкин. Ба роғе, дандонае дарояд, сахт мегазаду банд мешавад. Лекин ин корро ба шарте метавон кард, ки худам такягоҳи устуворе дошта, имконе дошта бошам, ки ҳангоми қулоч кашида ба сӯи теға партофтани каманд ҷуссаам ноҷунбон бимонад, сангпораҳои ҷогаҳам ба ҷунбиш наояд.
Таваккал! Таваккал нар бувад, андеша мода, мегӯянд дар урфият. Саидбек даст ёзонида, ба чангаки сохтааш тасмаи кӯлборро оҳиста ба поён кашид. Сангрезаҳо ба ҳаракат даромада, аз пеши бозувонаш шақаррасзанон ба поён фурӯ рехтанд, лекин, хушбахтона, тасмаи кӯлбор озод шуда, поёнтар фаромад. Саидбек шохчаро аз рӯи эҳтиёт ба дандон газида, даст ёзонид ва аз гӯшаи тасма дошт. Дошту оҳиста пеш кашид. Тасма фақат ба қадри як ангушт пеш омад ва мисли он ки он сӯи тасмаро ба танаи дарахт баста бошанд, Саидбек муқовимати тавонои вазни сангҳоро эҳсос кард, ки кӯлбор дар миёни онон гӯр шуда буд. Гап на фақат дар хастагӣ будааст. Ҳамин шаб ҳаёту мамоти ман ба сари мӯе андармон буд. Оё акнун кори ақлона мешавад агар таваккал гуфта, худро ба домани имтиҳони наве андозам, ки оқибаташ номаълуму ноаён аст? Тасаввур кард, ки мурад, чӣ мешавад... Нигор саропо дар либоси сиёҳ. Райҳонак гирёну нолон, сарсону ҳаросон... Нигор дар фавти Бузург обу адо шуд. Оё мусибати дигарро тоб оварда метавонад? Яқин метавон гуфт, ки наметавонад. Вай аз он тоифа нест, ки ҳоло ашк аз чашмонаш шашқатор шаваду баъди ним соат қаҳкаҳи хандааш тирезаҳои хонаро ба ларза андозад. Нигор сӯзад, то охир месӯзад. Пеши назари Саидбек тобути худаш омад. Чеҳраҳои мусибатзада, қомати хамидаи Нур, Алексей, Собир омаданд. Кадом тобут? Маро аз куҷо хоҳанд ёфт?
Нақлҳои дар солҳои гуногун аз ину он шунидааш ба ёд расиду баданаш ларзид.

пешина
аз 248
навбатӣ