Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саидбек аз шароби ба қадаҳҳо рехтаи Садаф ҷуръае ошомид ва пай бурд, ки ҳангоми сим заданаш Давид дар хона набуд ва ин қарибиҳо нахоҳад омад. Садаф ошкоро дурӯғ гуфтааст то ӯро дар танҳоияш ба хона биоварад.
Саидбек баръало ҳис намуд ки аз сар то пои баданаш аланга давид, ду рухсораш то буни гӯшҳо суп-сурх арғувонӣ гардид. Намедонист, ки чӣ коре кунад, чӣ бигӯяд, то ки ҳар чи зудтар худашро аз доми аҳмақона ниҳодаи ин зан ва ҳамин тариқа аблаҳона афтодаи худ вораҳонад. Ӯ башиддат фикр мекард, вале ғазаби торафт бологираш монеъ мешуд, ки тадбире ба хаёлаш биояд. Садаф аз дӯстии деринаашон, аз он ки дидори Саидбек барин рафиқони дилкаш барояш бидуни муболиға мисли марҳам аст, аз ғанимат будани чунин дамҳо ва ғайра ва ҳоказо беист ҷоғ мезад. Бо баҳонаи гирифтани қошуқ ё намакдон аз рӯ ба рӯи Саидбек ба рӯи миз тавре хам мешуд ки аз паси гиребони кушоди куртаи ҳарир чоки синааш намоён мегардид ва Саидбек шитобон нигоҳи худро ба дигар тараф мегурезонид. Садаф аз бисёр вақтҳо танҳо монда, дилгир шуданаш ривояткунон ба ин сӯи миз омада ва ба табақчаи назди Саидбек кам-кам аз хуришҳо ва газакҳо гузошта, соиди бараҳнаашро гӯё тасодуфан ба гардани ӯ расонид.
– Эҳ тамокукаша бинанд-а!.. Ҳатто аз мӯи сарат бӯи тамоку меояд, – гуфта ба мӯи Саидбек нарм панҷа зада буд, ки Саидбек аз курсӣ бархост ва изтироби худро бо зӯре фурӯ нишонида гуфт:
– Ба Давид гапи зарур доштам.
Ва аз таки дари хона туфлиро ба пояш саросема банд карда, аз дар берун шуд. Дар кӯчаи серодам ҳушаш ба ҷой омада буд, ки хеле бошитоб роҳ меравад, гуё аз дунболгири балои азиме фирор мекарда бошад, қариб медавад. «Пес!
Махав!» дашном медод Садафро. Рост гуфта буд Новиков «Сазои сараш! Сазои сари ҳар дуяш!»
Саидбек ҳис кард, ки пои росташ хоб мекунад: аз ангушт то ба зону биҷиррос мезанаду дард мекунад. Чунон ки бомдодон карда буд, даст ба ду тараф ёзонида, танашро зарра-зарра рӯи санглох ҳаракат дода, фишори пайкарашро бар пой андаке сабуктар гардонид.

пешина
аз 248
навбатӣ