Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Умрихола баъд аз каме хомӯшӣ, ба Сафар муроҷиат кард:
Сафар аз паҳлӯи модараш гузашта нишаст. Умрихола аз рӯи дастархон ҳарчи, хӯрокӣ буд, ба пеши ӯ ҷамъ мекард.
– Кошкӣ мемонданду ман то онсӯтар шумоҳоро гусел карда, ҷои исту манзилатонро бо чашми худам дида хотирҷамъ шуда меомадам, – гуфт Умрихола ба Сафар чашм дӯхта.
– Агар мемонданд, як шумо не, ҳамаи модарон мерафтанд... – ҷавоб дод Сафар.
– Оҳ, писарам, агар мегуфтанд, ки ба ҷои писарат ту рав, поямро монда, бо сарам медавидам, ту дили модарро чӣ медонӣ? Кай, ки зандор шавию бачаю кача кунӣ, баъд мефаҳмӣ...
Аз ҷумлаи охирини Умрихола рангу рӯи Сафар ва Зебӣ якбора тағйир ёфта, онҳо беихтиёр ба ҳамдигар чашм партофта гирифтанд.
Ба болои ин гап Мирбадалу Мамараҷаб омада монданд, Юнусбобо ба онҳо киноя кард.
– Ҳа, мудир, панду насиҳатҳо қӯр гирифт, аз афташ?
– Чӣ панду насиҳат мешуд, Бобо, – ҷавоб дд Мирбадал ба давра нишаста, – аз худи бачамардони ин замона оё гап мемонад. Чорта гапҳои худамонро зада гирифтем.
Мамараҷаб худашро аз чашми Зебӣ ба канор гирифта рост истод. Ба вай нишастанро таклиф карда бошанд ҳам, розӣ нашуд.
– Боз чӣ шуд, Мамараҷаб? – пурсид акои Олим. – Ба аскарӣ омада аз пештара ҳам дамдуздтар шудӣ?
– Дар умраш мусофириро надидааст, раис, боз як мусофирро, – тарафдорӣ карданӣ шуд Мирбадал.
– Ҳамаи онҳо ҳоло ҷавон ҳастанд, як Мамараҷаб не,
– эътироз карда гуфт Одил Саркор, – ҳар кадомашон асои як хонадонанд. Дар ин мавридҳо ба ҷои ин гуна гапҳое, ки дили касро маъюс мекунад, панду насиҳати дилпруркунанда лозим, мудир.
– Ҳа, хуб, аз мо гузашта бошад, маъзур.
Ҷавоби Мирбадалро садои сигнал пахш кард ва сухани вайро ҳеҷ кас нашунид. Ҳама баробар ба по хестанд.

пешина
аз 333
навбатӣ