Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Худаш ҳам замин кафида одам баромадааст, – гуфт Мирбадал дуқад нишаста.
– Охир ин ҷанг – ҷанги муқаддас аст, – ҷавоб дод Юнусбобо, – ба ин ҷанг олам ба по хестагӣ...
– Илоҳӣ душман ҳарчи зудтар гӯручӯб шаваду писарҳои мо сиҳат саломат баргашта оянд, – гӯфт Умрихола ғамгинона.
Акои Олим ба қиёфаи маъюси Умрихола чашм дӯхта, ба дилбардорӣ сар кард.
– Умеду бовариро мустаҳкам кунед, – гуфт вай, – ҳа нагуфта ин рӯзҳо ҳам гузашта мераванд.
– Ҳа, албатта, умеду боварӣ накарда чӣ мекардам?..
– ҷавоб гардонд Умрихола.
Дар мобайни ҳамин гап бонги кадом як паровоз баланд шуда буд, ки Умрихола ҷаҳида хесту бо ҳаяҷону изтироб – «Ана рафт, бачекамро надида мондам» гӯён аз байни мардум худашро ба сӯи вагонҳо зад. Дар аввал аз ин рафтори очаи Сафар дигарҳо ҳам ба ташвиш афтида, аз қафои ӯ шитоб карданд. Вале ногоҳ ба назди онҳо пайдо шуда мондани Сафар ва Мамараҷаб онҳоро аз роҳ боздошт.
– Писаратон дар ин ҷо, поезд куҷо меравад?! – гӯён Мирбадал аз ақиби Умрихола фарёд кард.
Умрихола ба қафояш баргашта, ба назди Сафар омад ва ӯро навозиш карда гуфт:
– Гурдем кафиде, писарам, гӯр содагӣ ҳам шавад...
– Худатон-ку худатон, дигарҳоро ҳам бесаранҷом кардед, – гуфт Юнусбобо боз ҳамаро ба нишастан ба зери ниҳол даъват карда ва миёнбандашро кушоду ба рӯи замин густурд. Умрихола тугунчаи дар дасташ бударо кушода, ҳарчи хӯрокӣ буд, ба рӯи миёнбанд гузошт. Ҳама гирдогирди дастархон давра гирифта нишастанд. Танҳо Мирбадалу Мамараҷаб номаълум ба як тараф ғоиб шуда буданд...
Чашмони ҳозирон аз Сафар канда намешуданд. Ҳар як иштироккунандаи ин сӯҳбат кӯшиш мекард, ки ба фарзанди деҳаи худ бодиққат нигоҳ карда, сурати ӯро ба дилаш ҷо кунад. Кӣ медонад, ки дигар ӯ кай ба дидори онҳо мушарраф мегардад, кӣ медонад, ки дар пеш чӣ рӯзҳои хуш ва ё бад ба вай мунтазир аст...

пешина
аз 333
навбатӣ