Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Шаб ҷои об дар ин ҷо наздик набуд? – боз кунҷковӣ кард Умрихола.
Сафар ҳам сабаби қонеъкунанда наёфта, аз саросемагӣ якбора баҳонае нишон дод, ки аз гуфтани он худаш ҳам дар хиҷолат монд:
– Оби ин ҷо ях кардааст.
Зебӣ аз ин ҷавоби ӯ хандаи худро дошта натавониста, ба як тараф рӯ гардонд. Умрихола бошад, дигар ба Сафар чизе нагуфт. Дар ҳамин дақиқа як ҷанговар омада ӯро ба назди фармондеҳи рота ҷеғ зада бурд.
Умрихола ва Зебӣ танҳо монданд.
– Хунук нахӯрдед, очаҷон? – ҳолпурсӣ кард Зебӣ гапро ба мавзӯи умумӣ гузаронданӣ шуда.
– Сафар об ях кардааст мегӯяду ба ман бошад, хунук заррае ҳам таъсир накардааст... – ҷавоб дод Умрихола тааҷҷубомез.
Зебӣ аз нав шармид, чӣ гуфтани худро надониста монд. Хуб шуд, ки оркестри нафасии қисм, ки барои гусел кардани ҷузвитомҳои аввалини қисм ба истгоҳи қатора баромада буд, якбора марши тантанавӣ навохту диққати Умрихола ва Зебиро ба худ кашид.
Ҳамин тавр, саҳаргоҳон оҳиста-оҳиста ба чоштгоҳ табдил гашту офтоби аз болини шарқ сарбардошта ба шаҳр торафт зиёдтар партавафшонӣ мекард...
Аз субҳидам инҷониб ба майдончаи вокзал боз паси ҳамдигар хеле мардум ҷамъ омаданд. Саҳни вокзал торафт аз одам пур мешуд. Fайр аз ҷанговароне, ки дар назди вагонҳо ба сафар ҳозир меистоданд, ба ин ҷо инчунин занону мардон, пирону ҷавонон, бачаҳо ҷамъ омада, дар ҳар ҷо – ҳар ҷо писар ё додар, шавҳар ё хешу табори ҷангравандаи худро миёнагир карда, бо вай соатҳои охирини хайрухушро мегузаронданд.
Дар як тараф, дар зери ниҳоли сафедор, ки нав барг ёзондааст ғайр аз Умрихола, боз инчунин Юнусбобо, раиси колхоз – акои Олим, котиби ташкилоти ҳизбии колхоз – Одил Саркор, Зебӣ, Мирбадал, боз се-чор ҳамқишлоқиён ва панҷ-шаш нафар духтару писарони мактабхони Ҷӯйбор дар дасташон гулдастаҳо ба Сафар мунтазир меистоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё