Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз пйаи сигнал фармони ба вагонҳо саворшавӣ ҳам дода шуд. Дар ин асно касе набуд, ки якдигарро ба оғӯш накашида бошанд. Мардуме, ки дар саҳни вокзал ҳозир буданд ба шинос ё ношинос будани ҷанговарон нигоҳ накарда, ҳамаи онҳоро ба навбат ба оғӯш кашида бӯсакунон бо самимият хушбошӣ мекарданд.
Сафар хеле вақт дастонашро аз китфи модараш нагирифта, гашта – баргашта ӯро мебӯсид, ба сари синааш сар монда аз ӯ бо илтиҷо хоҳиш менамуд:
– Очаҷон, очаҷонакам, дили маро озор надоданӣ бошӣ, гиря накун, хуб нест.
Модар ба охирин илтимоси писараш итоаткорона сар ҷунбонда, он чиро, ки роҳи гулӯяшро фишор дода меомад ва ба чашмонаш ашк медавонд, рафъ карданӣ мешуд. Лекин алами ҷудоӣ зӯрии худро нишон медод.
Модар фарёд назанад ҳам, дидаҳои ӯ беихтиёр ба чашмаи ашк табдил меёфтанд. Донаҳои ашк ба сари синаи Сафар ки ӯро ба оғӯш гирифта буд, мерехтанд.
Аз лабҳои пир-пир паридаистодаи модар ин суханҳо базӯр ба гӯш мерасиданд.
– Хайр, писаракам, нури дидаам, такягоҳи умрам, чизе, ки ту гӯӣ, модарат ҳозиру нозир. Коре карда дар куҷое, ки бошӣ, сиҳату саломат бошу арвоҳи падарат ёр, дуои модарат дастгират шавад... Аз Худо як матлабам ҳамин ки модарат дар фироқат насӯзаду дар вақту соаташ омада бо дасти худат ба гӯрам гузор.
Сафар аз дигарон рӯяшро панаҳ карда, оби дидаи ҷӯш зада барояндаи худро бармегардонд ва баъд навбат ба навбат акои Олим, Одил Саркор ва дигар ҳамдеҳаҳояшро ба оғӯш кашида хайрухуш мекард.
Юнусбобо ҳам ӯро маҳкам ба бағалаш гирифта, аз пешонааш бӯсида:
– Зафар ёрат бошад, писари азиз. Мана ин ҳадяи боборо қабул кун, ягон вақт ба кор меояд, – гӯён як корди дудамаи ба ғилофи чармин андохташударо, ки дастааш садафин буд, ба Сафар дароз кард ва ба суханаш давом карда гуфт: – Инро ҳамон командире, ки деҳаи моро аз босмачиён озод карда буд, ба ман ёдгорӣ дода буд, акнун ман ба ту ҳадя мекунам, писари азиз, ягон вақт ба кор меояд...

пешина
аз 333
навбатӣ