Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд ба гирду пеш менигарист, ва аз рӯзгор маводу мисоле меҷуст, ва бисёр меҷусту намеёфт мисолу маводе, ки дилаш мехост, маводу мисоле, ки муносибу мувофиқи даъвояш бошад, ва такя ба он дошта бошад ва лӯнда карда ба даҳони Виктор бизанад, ки дамаш дарун афтад. Набуд ин хел мисолу ин хел мавод. Дуруст ки як замонҳо будааст, ҳоло нест…
Ва аз фарти ғазаб вай ҳама айбу эроди мардум ва ҳама талабу фармуди авлоду аҷдодашро пушти по зад, ва ҳар ду писарашро ба мактаби русӣ дод…
Ва дар Бухоро фикрҳойи бедор ба ҷунбиш даромаданд, ва ба ҷӯйи муроди онҳо аз рӯдҳойи ҷавонтуркони Истамбул ва инқилобиёни Петербург об меомад.

5
Дар Бухоро ҳар касе, ки «хоки мадраса лесида» бошад, ба
номи мулло машҳур аст, ва муллоҳо асосан ду сифат доранд,
– доно ва нодон; ва муллоҳойи доно онҳое буданд, ки мутолиъа доштанд ва фикр мекарданд; ва онҳое, ки мутолиъа
надоштанд ва фикр намекарданд, муллоҳойи нодон буданд;
ва доноҳо аз пайи коре мегаштанд, ва нодонҳо овози баланду даъвойи мансаб доштанд; ва гурӯҳи якум шумораи хеле
кам дошт, дар ҳоле ки гурӯҳи дуюм шумораи аз ҳад зиёди
«саводдоронро» фаро мегирифт; ва муҳит чунон созиш ва
парварише дошт, ки гурӯҳи дуюм, гурӯҳи якумро баддин ва
бадбин медонист ва кофир мегуфту бадном мекард, ва ба
корҳойи маърифатӣ ва рӯшангарӣ ва маъмурӣ роҳ намедод;
ва аҳвол бадин сурат ҷилва мекард, ки илму амали доноён аз
остонаи хонаашон берун баромада наметавонист; ва ҷомеъа
ба дунёбехабариву фориғболӣ хӯ гирифт, ва ҷунбише зарур
афтода буд, ки мардумро аз ин карахтии карахт барорад; ва
мулло Бурҳон дар хонааш мактаб кушод, ки аз мактабҳойи
маъмулии масҷиду мадраса фарқ мекард, – хондану
навиштанро баробар ёд медод; ва мулло Абдураҳмон, ки баъди маъзул гардонидани Раис ва фирориву гуреза кардани Қурбонмуроди муфтӣ, қаҳрамони ин майдон медонистанд, ҷомаро чаппа пӯшид, ва мактаби навро куфр эълон кард, ва тӯдае аз муридонашро ба кӯчаҳо баровард; ва Қушбегӣ, аз тарси он ки ин муллоҳо боз балво мехезонанд, мулло Бурҳонро ба Арк даъват намуд, ва бо фармон мактабашро баст, ва худашро танбеҳ дод, ва забонхат гирифт, ки аз ҳамин соат ба баъд рӯзнома нахонад ва ба мактабу мактабдорӣ машғул нашавад, илло гила аз худ бикунад!

пешина
аз 435
навбатӣ