ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Азизмурод аз Самарқанд ба Бухоро, ба мулло Бурҳон нома фиристод, ки «фозили мӯҳтарам, як дар баста бошад, сад дар кушода аст. Партоед Бухороро, бархезеду биёед ба Самарқанд. Дар ин ҷо майдони илму амал фарохтар». Ва худи Азизмурод мубалиғи мактабҳойи урусӣ шуд, – «мусулмонон аз мактабҳойи рус ҳазар накунед! Фарзандонатонро баред ба мактаби урус! Хонанд дар мактабҳойи рус ва мисли мову шумо нодону беҳунару ғофил нашаванд!»
Ва мактабу матбуоти рус, ки фақат шуниданаш ғазаби муллоҳойи Осиёи Миёнаро бедор мекард, дар Тошканд, дар Хӯқанд, дар Самарқанд, дар Хуҷанд доман мегустурд, ва каму беш ба берун, ба Хева ва Бухоро ҳам сар мехалонд; ва мардуми бедор, он қисми камшумори китобхону газетахон, ки корҳойи ҷаҳонро ба муқоиса гирифта ғам мехӯрданд, ки «мо ҳам фарзанди одамем! Кай зиндагии одамворро ёд мегирем?!» ва аз ноилоҷӣ фарёд мезаданд, ва фарёдашон на ба гӯши давлат мерасид ва на ба гӯши раъия; медиданду маърифат мекарданд, ки мурод аз мактаб кушодан ва мактаб хондан, қориёд кардани чанд оят ва дону нодон тафсир додани он, ва умре ҳамон оятҳоро хонда, аз дастархони маъракаҳо шикам чаронидан ва ба дармондаву корафтодаҳо дуъо додану музд ситондан набудааст, – мактаб ҷойи илму амал будааст, ва мактабхонӣ барои донистани қонунҳойи табиат ва қойдаҳойи ҷамъият будааст, ки Инсон ҷаҳонро обод нигоҳ дошта тавонад, чунонки фарангиҳо кардаанд, чунонки русҳо дар пеши чашмамон карда истодаанд, чунонки Виктор Куклин мекунад!
Ва ин Куклин аз сафару саёҳат, аз дидану омӯхтан ва тарҳ кашидану навиштан, ва аз газет баровардану китоб нашр кардан, ҳеҷ хаста намешавад, гӯё ки ҷонаш аз санг бошад, – имрӯз дар Зарафшон, пагоҳ дар Бадахшон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё