Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кашфиёт ва ихтироъи бузургони мо аз саҳифаҳои китобҳойи камшумор берун наомад. Кор накард. Илме буд беамал. Баъд натиҷа аз куҷо мешавад?
– Одам беҳунар бошад, баҳонааш бисёр. Ба худаш нигоҳ намекунад. Айбро гардани дигарон партофтан мегирад, – вай халал расонд, ин зарар расонд.
– Мо мардуми беҳунар нестем. Ба мо имкон намедиҳанд, ки ҳунарамонро нишон бидиҳем.
– Шумо аз гузаштаатон бисёр мефахред, вале ҳозира надоред. Боре ман шоҳид будам, ки шаш марди ҳузарб бо ихлосу эҳтиром ба як нафари саллакалон хидмат мекарданд, ки «усто, пеш гузаред, усто, аз боло шинед, усто…»
Пурсидам, ки «усто чӣ ҳунар доранд?» Ҷавоб доданд, ки «бобойи бобояш сабадбоф буд». Ҳозир ҳамон сабадро ҳам хушсифат бофта наметавонад.
– Метавонем, метавонем, фақат муҳит надорем.
– Муҳитро созед. Ягон каси дигар омада ба шумо муҳит месозад?!
– Ман ҳам кайҳо боз андар ин андешаам.
Гоҳ-гоҳ воқеъ мегардид чунин баҳсҳо ва ҳар вақте ки ба вуқӯъ пайваст, баъди анҷом, ба дили Азизмурод сиёҳӣ медаромад, – гӯё кори баде карда бошад, ки ислоҳаш даст намедиҳад; гӯё гуноҳ аз ӯ гузаштааст, ки номи Сино ва илми Сино фаромӯш шудааст; ва ӯ азоб мекашид, – офтобро бо доман пинҳон карда намешавад, Виктор дуруст мегӯяд, дидагиашро мегӯяд; худаш ҳам медонад, ки аҳвол ҳамин аст, вале аз забони каси бегона ва ба тариқи таъна шуниданаш алам кард, ва ин алам дарде шуду қафаси синаашро тазъиқ дод ва ба шикам фуромад ва вуҷудашро фаро гирифт, ки сих намезад ва намесӯхт, – кунд буд, кунда буд, ки фишор меовард ва хунаш вайрон мешуд, ки силоҳ ба даст, бе даъват ба хонаи ту дарояд, аз дастархони ту обу нон бихӯрад, ва боз ба ҳолат бихандаду таҳқир бикунад, баъд ҷонат намебарояд?!
Ва хунаш меҷӯшид, ва ғайраташ боло мегирифт, ки хомӯш истодан даркор нест, – як рисола ва ё як достон бинависад аз ҳаёти одамони наҷибу қавиаш ва ба ин олими аз рӯзгори халқи бумӣ бехабар нишон бидиҳад, ки «мо низ мардони мард дорем, мо низ ихтироъу эҷод кардаем, мо низ нангу номусро медонем».

пешина
аз 435
навбатӣ