ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Ман ин хел тоқат надорам. То кай нигоҳ карда шинам, ки касе аз берун биёяд ва дасти маро гираду аз бало берун барорад! Ягон тадбири дигар даркор.
– Тадбир, ҷаноби мӯҳтасиб, ин аст, ки тақдирамон чунин будааст. Тақдирро тағйир дода намешавад.
– Ман ба чунин тақдир розӣ нестам!
Ва ин мӯҳтасиб, ки ба чунин тақдир тан додан намехост, ба таҷрибаи рӯзгор нигарист, ба андеша гирифт ва қиёс карду хулоса баровард, ки айб дар Қозикалон аст, – вай шаръи шарифро пухта намедонад, қазоватҳойи нодуруст мекунад, ва ба ин сабаб мулк вайрон шудааст; ва ман ба ӯ хатоҳояшро гӯям, вай ба роҳи дуруст медарояд ва олам гулистон, мебинӣ, ки об ба лаби ҷӯ баробар шудааст; ва ӯ, дар як сӯҳбати хосаи Амир, дар ҳузури аъёну ашрофи зиёде, ки ҳамаашон дастон пеши бар таъзими заминбӯс мекарданд, ва ҷумла қабоҳатҳойи аморатро ба чашми вазорат малоҳат нишон медоданд, ба Қозикалон муроҷиат ва ба Амир гӯшзад, хатоҳойи вайро як–як шумурд:
– Аввалаш, бист сол шуд, ки золимро ҳимоя мекунеду ба мазлум зулм. Баъдаш, муллоҳойи доноро чашми дидан надоред, вале нимчамуллоҳоро рӯйи даст бардошта мегардед. Сейюмаш, ҷойи Инсофро соф ба Беинсофӣ додаед.
Чорумаш, дар даврони шумо ҳаром раво шудаст. Ҳеҷ кас аз рибохӯрӣ ибо намекунад… Хулласи гап, ҳар вайроние, ки дар аморат шуду мешавад, аз касофати шумо рӯй додааст, ки фармудаҳойи шаръи шарифро риоя намекунед!
– Домулло, Шумо одами сипоҳпеша. Шаръи шарифу фармудаҳойи онро намедонед.
– Аз шумо беҳтар медонам. Аз ҳафт пуштатон, ки паси ниқоби қозиюлқузотӣ, шариатфурӯширо касб кардаетон, сад бор беҳтар медонам.
– Беҳтар донед, дар амал санҷида мебинем, – ба хархаша хотима дод Амир ва…
Ва як ҳафта нагузашта мӯҳтасибро водии Қубодиён фиристонид: «Равед, аҳволро тафтиш кунед, ба ман нависед».
Ва мӯҳтасиб ба роҳ баромад, бо роҳи Қаршӣ ва Тирмиз, аспсавор ва бе тӯша, ва дар Қубодиён ӯро аз ҷар ба рӯди Вахш тела доданд, ва ҳарра1 шуда, ба ҷӯши об рафта заданашро тамошо карданд, ва ба Бухоро хабар фиристониданд, ки «ҳарчанд ҷасадашро наёфтем, лекин дар лаби ҷар ҷанозаашро хондем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё