Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он тарафаш кори Амиру Вазир. Ба ин аҳвол маврид аз куҷо пайдо мешавад?!
– Мударрис, боз илова бикунед, ки буду шудашонро медиҳанд, боз хурсанд мешаванд, ки бало аз паҳлуяшон гузашт. Баъд худашон соли дароз, ё ки як умр, шукр карда мегарданд, – шукри Худо, ки бо пойи худ мегардем! – вале пояшон луч, шикамашон гурусна, либосашон ҷанда, бо таҳорату бе таҳорат, дасти дуъо ба осмон мебардоранду ба рӯй мекашанд, ки «умри Амирамон дароз шавад! Дар ду дунё сарашон дардро набинад!»
– Мо аз қазовати худ, ғайр аз зарар, дигар чизе надидем. Ҳар кори ҳалоле, ки кардем, оқибат ба ҳаром бароварданд.
– Боз умед доред, ки мавридаш мерасад ва ҳалолкорон рӯйи об меоянд?
– Умедворем. Агар чунин набошад, ҷаҳон обод намешавад.
– Ман, аз ин замону аз ин макон, ҳеҷ умеде ба беҳбудӣ надорам.
Кунҷакнишастае, ки асои дасташро пайваста ба замин мекӯфту хомӯш меистод, асо болойи сар бардошт:
– Аз ӯроқ пурсем. Ӯроқ гӯянд, ки дар пушт рӯшнойӣ надидем, дар пеш рӯшнойӣ намебинем, ҳоли мо тағйире меёбад, ё то қиёмат аҳволамон ҳамин аст?
– Не, то қиёмат як хел намемонад. Корҳойи ҷаҳон ҳеҷ вақт дар як қарор набуд ва минбаъд ҳам дар як қарор намеистад. Ҳар сархӯре як рӯз не, як рӯз, сари худашро мехӯрад.
– Кай? Чӣ тавр?
–Ҳамон тавре ки дар таърих то ба имрӯз шудааст.
– Ай устод! Кӣ мекунад ин корро?!
– Аз дохил не, аз хориҷ мекунанд. Ягон қувваи беруна.
Ба ҳафтсад соли охир нигаред! Як қабила омадааст, сари як қабиларо хӯрдааст ва ҷояшро гирифтааст. Ҳамин тавр бо навбат. Мо ба ҳамааш тоқат кардаем. Бо ҳамааш кор кардаем. Ба ҳамааш тан додаем. Чашмамон намерасад, ки худамон як кори дурусте карда тавонем.

пешина
аз 435
навбатӣ