Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҳли сӯҳбат давродаври хона ва гирди дастархон ба ҳар тартиб нишастаанд, – ёнбош, чорзону, чука, ба пушт, парӯ, ки хилофи одоби маъмули давр аст, ва оҳанги эътироз дорад ба тартиботи ҷорӣ, ва дар симову либосашон ҳам нишонаҳойи ин эътирозу нописандиро намоён кардаанд, – ришу бурути кӯтоҳ доранд, камзӯл пӯшидаанд, салларо якшоха бастаанд, пойро луч кардаанд, …ки аз аҳли умарову уламои замон фарқе дошта бошанд; ва дар ҳақиқат ҳам аз дигар дарбориён фарқ мекарданд, зеро ки аз ҳар табақаи мардум буданд, ва қозӣ бошанд, дар қазоват ва муфтӣ бошанд, дар фатво ва мӯҳтасиб бошанд, дар тақво ва олим бошанд, дар амал ва омӣ бошанд, дар иҷро, аз ростӣ намекостанд, ва дар Бухоро, ки чунин рафтору кирдорҳоро саду панҷоҳ сол пеш ҳаром ва хислати одамони тарсу эълон карда буданд, вуҷуди чунин маҳфиле дар чунин мулке афсона барин менамуд, ва онро Маҳфили Ростгӯён ном ниҳоданд, ки рост гуфтан, дар ин аморат баробар буд ба радди маърака шудан, ва дарбору дарбориён ба хуни онҳо ташна буданд.
– Боғайратон ҳастанд, ҳанӯз решаи онҳо хушк нашудааст. Мавридаш расад, баъд мебинед.
– Ба ҳамин рафторе, ки мо, мардум, дорем, Худо медонад, ки ба ин қарибиҳо мавридаш мерасад ё не. Хушомадгӯ ва лаганбардор ва бетарафу бепарвоямон бисёр.
Аз ҳад бисёр.
– Ин хел рафтор дар ҳама ҷойи дунё ҳаст, домулло. Дар ҳама ҷойи дунё мавридаш мерасад.
– Дар ҳамаи рӯйи дунё мавридаш расад ҳам, дар Бухоро мавридаш намерасад. Нишонаш нест. Худатон дар чор вилоят қозӣ будед. Дар чор вилоят кор кардед. Ба чашми худатон дидед ҳоли мардумро. Соле ду бор –дар баҳору дар тирамсоҳ, – ҳафт ё даҳ хел андоз мегиранд аз онҳо. Ин ҳама маблағ ба куҷо меравад ва дар куҷо сарф мешавад, сирф намедонанд. Аз ин бобат забон кушодан ва пурсидан, ҳатто ба хотирашон намерасад. Ба ҳамин аҳвол одат кардаанд. Як ташвиш ва як ҷунбиш доранд, – як илоҷ ёфта андозро диҳанд ва ҷонашонро халос бикунанд. Он тарафаш ба онҳо дахл надорад.

пешина
аз 435
навбатӣ