Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бай, бай! Дурри маънӣ суфтаед! Ҳама шоирон як сӯ буд, шеъри амирам як сӯ.
Ва ростгӯёни шаҳр андаруни маҷлиси Амир ҳамдиле доштанд ва ин ҳамдил дар лаҳзаҳойи дилтангӣ (агар аз он дарун ба берун омада тавонад!), сар мехалонид ба маҳфилашон, ва заҳри дилашро мебаровард; ва рӯзи Душанбе, баъди намози пешин, вақте ки Амир ба тамошойи сабқати дегчапалав рафт ва баъди он ки Раис аз Қозикалон танбеҳ гирифт, ки минбаъд бе маслиҳати ӯ қароре набарорад ва ба коғазе мӯҳр намонад, ва баъди ба агентии сиёсии Русия узр пеш овардани Қкшбегӣ, ки ҷанҷоли мактаби нав кори ду–се муллост, на сиёсати давлат; вай ба маҳфили ростгӯён омад, ва хабарҳойи тоза овард, ва шеъри Амирро, ки бегоҳи якшанбе дар базм, дар Ситорамахоса, хонд ва надимон фарёд кашиданд, ки «Зиҳӣ, аморатпаноҳо!
Доди суханро додаед!», маззакунон ва таъкидкунон қироат кард:

Эй фалак, андеша кун, моро ҷигархун кардаӣ,
Нола бе мизроб аз ҳар тор берун кардаӣ.
…………………………………………

– Ягон кас ёфт нашуд, ки бархезад ва бигӯяд, ки эй мунофиқ, мо аз дасти ту шикоят мекунем ва аз тақдири бад менолем. Ту аз кӣ шикоят мекунӣ ва аз чӣ менолӣ, ки дар ҳарамат фақат аз зан чилто дорӣ.
Соҳибхона, ки маҳфили ихтиёрӣ аз меҳмонони ҳамфикр ва ҳамдард, гоҳу бегоҳ ва пешу қафо, гирд меомаданд, на дар пешгоҳ, ва на дар поён, дар байн нишаста буд, ва дигарон дар атрофаш
– Ман гуфтам, нахеста, овоз набароварда, дар дилам гуфтам.
Ҳозирон табассум карданд, – табассумҳойи ҳархела – талх ва тунд ва турш, ва ҳатто бо таассуф, ва яке луқма партофт:
– Умри мо ҳамин хел мегузарад. Гапамонро доимо дар диламон мегӯем. Ғайратамон ҳамин қадар.

пешина
аз 435
навбатӣ