ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ба ин гапҳо ту ҳам бовар мекунӣ, амират ҳам. Лекин ба ман, ки бист сол илми тиб омӯхтам, на ту бовар мекунӣ, на Амират… Вай Тифлис барои чӣ меравад? Подшоҳ ки бошад, дар ватани худаш шифохона созад?!..
Ва миршаб заҳрханда кард, ва тозиёна ба соқи чорух зад, ва чашм дар ҳаво гардонид:
– Девона! Аз девона чӣ мегирӣ!?
Ва котиби сафоратхонаи рус дар Бухоро, барои вазорати ҳарбӣ ахборе навишту ба Петербург фиристонид, – «Дар Бухоро ягон шифохона нест. Вақте ки Бухороро бигирем, таъсиси як шифохона бағоят зарур аст. Табиби бекоре ҳаст дар ин ҷо. Номаш Мирзоумед. Ин корро саришта ва сардорӣ карда метавонад».
Ва дар аморати Бухоро на фақат шифохона, балки китобхона ҳам набуд, – китобҳо дар таҳхонаи Арк мағор баста чанг мехӯранд, ва ин давлат китоб чоп намекард, – котибон дастӣ нусха мебардоштанд, ки ба як кас расад, ба саду як кас намерасид, ва китобхон, ба мисли китобати босифат, камёбу нодир буд, ва дастовардҳойи илм, ки дар замонҳойи Сомониён рушд дошт, ва баъди он таназзул кард, ба майдони амал намебаромад; ва Амири вақт, бино ба шунидаҳо, ба зоҳири он тақлид мекард, – дар боргоҳи шоҳон аҳли адабу аҳли тараб ғун меомаданд, – ва ӯ ҳам ғун овард, муносиби завқи худаш, албатта, вале намедонист, ки ақлу заковати онҳо барои чӣ даркор аст, ва онҳоро мефармуд, ки «хидмати маро кунед! Дар маҷлисҳойи айш шеър хонеду латифа гӯед!
Дар сафарҳо аз дунболи ман кашола шуда гардед!» Ва худаш ҳам, хар аз хар монад, гӯшашро мебуранд, гуфтагӣ барин, ба онҳо тақлид карда, муносиби фаҳму фаросати худаш ва хушомадгӯёнаш, шеъракое мегуфт, ва дар маъракаи айшу ишрат мехонд, ва шоиракону мутрибаконе, ки даъват шудаанд, лаблесон калла меҷунбониданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё