Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва минбаъд дар аморат касе ғайрат надошт, ки ба рағми тақдир садое баланд бикунад; ва хокпоше аз гуруснагӣ бимирад, ба гардани тақдир ҳавола мекарданд, ки «дар пешонияш навиштагӣ будааст». Ин хати пешонӣ ягона таъбири илмӣ буд. ки ин мардум медонистанд, ва ягона тасаллояшон дар зиндагӣ буд, ва умрашон ба умеди хати пешонӣ мегузашт, ва барои кашфу эҷоди олоту асбобе фикр намедавониданд, ки ину он мушкили рӯзгорашон обод бишавад; ва кундиву танбалӣ ҳамаро фаро гирифт; ва чун қойида дар ин хел ҳолатҳо аҳли фиребу найранг ва макру ҳила обрӯ пайдо карданд ва бозорашон гарм шуд, – табиб фақат бо дуди сипанд саду як дардро табобат мекард, ва аз он саду як бемор яктааш ҳам шифо намеёфт, вале молу мулки табиб меафзуд ва ӯ ду зану се зан мегирифт, ва шӯҳраташ даҳон ба даҳону деҳа ба деҳа мерафт, ки мурдаро зинда мекунад; ва он қадар мухлис ба таги остонааш меомад, ки дар кӯча намеғунҷид; ва силкасале, ки як буз ва як пуд арзан ва як ҷӯра карбос дошт, ҳамаашро бурд ба вай дод ва табобат гирифт, вале сиҳат нашуд; ва дар ин якуним соли рафтуомад ба хонаи табиб дардаш сироят кард ба аҳли байт ва хешу таборон ва ҳамсояи дуру наздик, ва як деҳа одам гирифтор шуд ба дарди сил. Ва фолбин, ки бино ба овозаҳо бобою бобокалонаш ғайбдон ва авлиё гузашта будааст ва бо шипондану кина баровардан муфлисро доро ва дороро муфлис карда метавонистааст, гӯши корафтодаро кашид ва дастҳояшро сахт дошта силтав дод, такон дод, ва ба тахтапушташ тап–тап зад:
– Аз чорпо чӣ дорӣ?
– Як ғуноҷин ва ду-се тухливу чапиш.
– Чапиш намешавад. Тухлиро куш. Гӯштро аз устухон ҷудо кун. Гӯштро садақа кун. Устухонро даруни пӯст андоз, печон ва бурда дар ягон ҷойи дур гӯр кун. Ман дидаму ту надидӣ, ҳамаи балоҳо аз сари ту, аз хонаи ту гум мешавад.

пешина
аз 435
навбатӣ